ЗАБОН ВА ҶАҲОНИШАВӢ

160

Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи олам илму технология рушд ёфта, дар ин раванд падидаҳои нав ба нав ба вуҷуд омада аст. Рававнди асосие, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст, ин ҷаҳонишавӣ мебошад. Ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар натиҷаи ба ҳамойии доираҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дар ин замина муттамарказ гардидани тамаддунҳо ба миён меояд, яке аз пурҳассостарин марҳилаи таърихӣ дар бақои кишварҳои ҷаҳони муосир аст, ки ба забону фарҳангу таъриху илми дуняӣ таъсири мусбӣ ва манфии худро мегузорад ва ин раванд ҳоло ҷаҳони моро ба деҳкадаи хурде табдил додааст. Дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз равандҳои пуртуфони ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад ливо ва раҳнамои мо дар замони ҷаҳонигароӣ ба сӯи пирӯзиҳо бошад. Аз ин рӯ, дар ин замина тарбия ва таълими насли ҷавони кишвар, ки дорои донишҳои замонавӣ ва лаёқату малакаи касбӣ бошад, дар назди масъулин ва зиёиён вазифаҳои наверо пеш меорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу забон ва тамаддуни пурғановати тоҷик таъсири худро гузошта истодааст. Маҳз бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳуввияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз пайдо намуд. Дар шароити чахонишави яке аз вазифахои асосии хар як давлат хифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Албата, пӯшида нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ падидаҳои мусбат ва фоидаоваре барои ҷомеаи ҷахонӣ дорад, ки Тоҷикистони мо ҳам аз онҳо баҳра хоҳад бурд. Вале дар айни ҳол падидаҳои барои ҳувияти миллӣ зиёноваре низ дар раванди ҷаҳонишавӣ мушоҳида мегарданд. Бинбар ин, истифода аз имконоти ҷаҳонишавӣ ва дар айни ҳол ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ яке аз самтҳоест, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон онро пайгирӣ мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ асосан кишварҳое муваффақ мешаванд, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунанда иштирок мекунанд ва ҷилави ин раванд низ ба дасти кишварҳое меафтад, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Агар дар таърих раванди ҷаҳонишавӣ тавассути лашкаркашӣ ва ё маҷбурӣ сурат мегирифт, дар асри 21 ин раванд ба ягон қувва ниёз надорад, зеро дар шароити имрӯза падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар асоси инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсисонӣ ҷорӣ мешавад. Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад. Имрӯзҳо дар кишвари мо ба масъалаи ҷойгоҳи забони давалтӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Зеро забон як унсури асосии таъминкунандаи ваҳдати миллӣ ва тақвиятбахши андешаи миллӣ мебошад.

Ниёзов О.Ҳ. муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ