Дар шароити имрӯзаи тараққиёти илму техника соҳаи геология яке аз соҳаҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт бо коркарди конҳои кандании фоиданок, иктишофи обҳои зеризаминӣ, муайян кардани захираҳои конҳои гуногуни дорои якчанд маъданҳо (полиметалӣ), сангҳои қиматбаҳо ва ғ. барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.
Дар Паёми имсолаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: “…….Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намояд”.Аз ин рӯ сол ба сол соҳаи мазкур рушду тараққӣ карда, заминаҳои асосї барои тайёр кардани кадрҳои маҳалӣ ба замони имрӯзаи истеҳсолот рақобатпазир омода кардашуда истодааст.
Фароҳам овардани чунин шароит бозгӯи он аст, ки соҳаи геология дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳ ва ғамхории шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геология, махсусан ҷустуҷӯи корҳои геологӣ, иктишоф ва истихроҷи конҳои нав, пайдо намудани захираҳои сарватҳои зеризаминӣ, истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро дар дохили кишвар саривақтӣ шуморида, онро барои амалӣ гардидани мақсади чоруми стратегии мамлакат “Саноатикунонии босуръат солҳои 2022-2026” муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, имкониятҳои зиёдро барои коркарди ҳама гуна ашёи хом ва конҳои кандании фоиданок дорад ва пайваста дар ин самт корхонаҳои гуногуни маъдантозакунӣ, коркарди маҳсулотҳои гунонуни масолеҳи сохтмониро бо иқтидорҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода истодааст.Чуноне, ки маълум аст яке аз нуқтаҳои муҳими Паём ин ҷустуҷӯи усулҳои муосири пешгириҳо аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва дигар сарчашмаҳои обии мамлакат муҳимм ба ҳисоб рафта, дар ин замина он вазифаҳои навро барои инсоният ба миён гузоштааст.Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст ва моро лозим меояд, ки мутахассисони донишманд ва варзидаро дар ин самт тарбия намоем. Хурсандиовар дар он аст, ки дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳо низ аксарияти сохтмончиёну мутахассисонро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва дастпарварони факултети геология дар ин иншооти бузург масъулиятҳои калидиро ба уҳда доранд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо кормандони соҳаи маориф 30 май дар Кохи Ваҳдат бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуда таъкид доштанд, ки “….Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”.Вобаста ба ин ва талаботи муосири замон нисбати сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва сохтап ба истифода додани иншоотҳои гидротехникӣ дар кишвар масъалаи кушодани ихтисоси ба талабот ҷавобгӯро дар заминаи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ба миён омадааст. Дар робита ба ин ба ниҳодҳои масъул мактубҳои расмӣ равон карда шуда иҷозатнома аз тарафи Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ихтисоси мазкур бо ин шифр ва рамзи ихтисос “1-51010105-геология, сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақбҳо” дар рӯйхати ихтисосҳои ташкилшуда сабти ном шудааст.Зарурати таъсиси ихтисос дар он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахасисони ин самт омода карда шаванд. Мушкилотҳои соҳаро ба инобат гирифта ихтисоси мазкур дар пояи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати фаъолиятро додааст.
Хусусиятҳои хоси ташаккули ҷараёни оби дарёҳои Тоҷикистон ба ҷойгоҳи баланди ҳавзаҳои онҳо вобаста аст. Таъсири релеф ба ҷараёни об тавассути унсурҳои метеорологӣ, ки дар пайдоиши он нақши асосиро мебозанд, муайян карда мешавад. Бо баланд шудани маҳал миқдори бориш меафзояд, ҳарорати ҳаво паст мегардад, талафи намнокї аз бухор кам мешавад. Ғайр аз ин андозаи об аз мавқеи қаторкӯҳҳо нисбат ба ҳавои намовар ва расидан ба онҳо вобаста аст.Албатта дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳсозро яке аз мақсадҳои стратегии кишвар ҳисобида, таъмиру барқарорсозии роҳҳои фарсудашуда ва аз нав барқарор намудани онҳоро ба талаботи байналмилали омода намуда ба истифода дода истодааст.
Дар ин самт саҳми мутахасисони соҳаи геология барои амалишавӣ ҷиҳати раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ ҳиссагузор мебошанд. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти роҳсозӣ низ равона гардида, таъкид доштанд, ки “….Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои Ваҳдат–Обигарм 70 километр, Гулистон–Кӯлоб 33 километр, Хоруғ–Роштқалъа 39 километр, Мурғоб–Кулма 67 километр, Балҷувон–Сари Хосор 55 километр, Хистеварз–Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар–Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.
Воқеан ҳам қитъаҳои зикргардидаи роҳҳои минтақаҳои дохили кишвар бояд дар муҳлати муқарар гардида бо стандарти байналмилали сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегӣ эътироф гардида, ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар ба ҳисоб рафта, минтақаҳои дурдасти кишварро бо марказ мепайвандад. Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст беҳтар гардида, инкишофи инфрасохторҳои деҳаҳо, ҷамоатҳо, марказҳои ноҳияҳо бо дигар минтақаҳои кишвар беҳтар мегардад.
Дар зарфи 35-соли истиқлоли давлатӣ дар ин самт роҳӣ ҳалли худро ёфтааст, роҳҳои дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон мумфарш гардида рафту омади аҳолӣ дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ғуломов М.Н. – н.и.г.-м., дотсентикафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология ДМТ








