НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТ ДАР СОЛИ 2026

33

Санаи 10-уми ноябри соли 2026 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимони факултет баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва ҳайати омӯзгорону кормандони факултет иштирок намуданд. Масъалаи асосии ҷаласа баррасии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устодон дар соли 2026 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи корҳои илмӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар оғози ҷаласа декани факултет, дотсент Холзода Б.К. иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аҳаммияти рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва тақвияти саҳми устодонро дар пешрафти илми геология таъкид кард.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни ҳисобот дастовардҳои илмӣ, нишондиҳандаҳои нашриявӣ ва саҳми кормандон дар татбиқи нақшаҳои илмии факултет мавриди таҳлил қарор гирифтанд.Қайд гардид, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет дар доираи як самти илмӣ, чор масъала ва чор мавзӯи таҳқиқотӣ амалӣ карда шудаанд.

Дар факултет 30 нафар корманди штатӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Аз шумораи умумии кормандон 5 нафар доктори илм ва профессор ва 17 нафар номзади илм мебошанд. Ҳиссаи кормандони дорои дараҷаҳои илмӣ 73% аст, ки ин нишондиҳанда аз иқтидори илмии факултет шаҳодат медиҳад.Тибқи маълумоти ҳисоботӣ, дар соли 2026 аз ҷониби устодони факултет дар маҷмуъ 144 маводи илмӣ ва таълимӣ-методӣ ба табъ расонида шудааст.

Аз ҷумла, 2 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, 4 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои индексатсияшавандаи пойгоҳи байналмилалии Scopus ва 135 мақолаи илмӣ нашр гардидаанд. Ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти илмии устодон ва талошҳои онҳо дар самти таҳқиқи масъалаҳои мубрами илми геология арзёбӣ гардиданд.

Дар қисми муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М., профессор Каримов Ф.Ҳ. ва дотсентон Фозилов Ҷ.Н. Ғарибмаҳмадова С.Н. ва Набиев Н. баромад намуда, ҷанбаҳои муҳими фаъолияти илмии факултетро таҳлил карданд.

Баромадкунандагон ҳисоботи пешниҳодшударо қаноатбахш арзёбӣ намуда, зарурати тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи нашрияҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмиро таъкид намуданд.Дар баробари дастовардҳои мавҷуда, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқот, зиёд намудани шумораи мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии муосир, инчунин ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ равона карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа зарурати таҳкими иқтидори илмии факултет, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар раванди таълим ва истеҳсолот, рушди ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корхонаҳои соҳаи геология муҳим арзёбӣ гардид.Ҷаласаи мазкур барои ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии факултет дар соли 2026, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмии ҳайати профессорону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам овард.