Муовини декан оид ба таълим

Холзода Б.К. н.и.и. муовини декан оид ба таълим

ХОЛЗОДА БАХТИЁР КИШВАР 9 – уми августи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2008 ба шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 06080100 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноатӣ (кӯҳӣ) дохил шуд ва соли 2013 донишгоҳро бомувафақият хатм намудааст. Пас хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистент дар кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника фаъолияти кориашро оғоз намуд. Солҳои 2013-2020 унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд. Соли 2022 бо тариқи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника гузашт. Солҳои 2015 – 2022 Раиси ҶИД-и «Иқтисодчӣ»-и кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияро ба уҳда дошт. Аз соли 2020 то ба имрӯз Раиси Шӯрои олимон ва ҷавонони факултетро рохбари менамояд.   

Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КOA-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи: «Такмили механизмҳои ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ» (дар мисоли корхонаҳои масолеҳи сохтмонии вилояти Хатлон) бо муваффақият дифоъ намуд. Аз 13.10. 2022 сол, №502-6 вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети геологияи кор карда истодаааст. Муаллифи зиёда аз 32 фишурда ва мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ ва 1 монографияи илмӣ мебошад.

Телефон: 985-45-00-77    938-45-00-77  

E-mail:  x-baxtier-1990@mail.ru