Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ соли 1972 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф таъсис дода шудааст. Нахуст роҳбарии кафедраро А.Н.Мамонтов (1972-1976), баъдан сарварии кафедраро Г.П. Крейденков (1976-1983), А.Н. Мамонтов (1983-1990), И.Р. Ҳасанов (1991-2003), М.Т. Тоҷибеков (2003-2008) Ф.А. Малахов (2008-2011) Ғайратов М.Т. (2011- 12-05-2023) ӯҳда доштаанд.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - firdavs-934x1024.jpg
иҷрокунандаи мудири кафедра дотсент Давлатов Ф.С.

Аз 12-05-2023 иҷрокунандаи мудири кафедраро дотсент Давлатов Ф.С. ба уҳда дорад.

Дар солҳои фаъолияти кафедра номзадон ва докторони илм кору фаъолият намуданд, ки инҳо Казаков Ю.М., Мамонтов А.Н., Крейденков Г.П., Ҳасанов И.Р., Тоҷибеков М.Т., Малахов Ф.А., Андамов Р.Ш., Муҳиддинов Ф.А., Икромов И.И., Шарифов Г.В., Назирова Д.Э., Давлатов Ф.С., Оймуҳаммадзода И.С., Шерализода Н.Ш., Гадоев М.Л., Ғуломов М.Н., Сайфуллоева Қ.Ғ., Расулов Н.М., Шарифов У.А., Валиев Ш.Ф., Комилов О.К., Саидов М.С.

Коллективи омӯзгорон аз рӯи курсҳои асосии кафедра дарсҳои лексионӣ ва лабораторӣ мехонанд аз ҷумла: геологияи муҳандисӣ, гидрогеология, геологияи сохторӣ ва харитакашии геологӣ, гидрогеохимия, геоморфологияи давраи чорумин ва ғ.

Кафедра аз рӯи ихтисоси 51010103 «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ» мутахассисонро дар шӯъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва магистратура тайёр менамояд

Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва талаботи бозори меҳнат соли 2016 дар заминаи кафедра ихтисоси гидрология ва пиряхшиносӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Хондани дарсҳои лексонӣ ва лабораториро барои ихтисоси мазкур устодони соҳибтаҷрибаи кафедра ба ӯҳда доранд.

Фанҳои асосие, ки дар ихтисосҳои назди кафедра хонда мешаванд инҳо мебошанд: Гидрология ва пиряхшиносӣ, Динамикаи обҳои зеризаминӣ, Иншоотҳои муҳандисӣ, Гидрогеологияи умумӣ, Геологияи муҳандисӣ, Методикаи таҳқиқоти гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ, Грунтшиносӣ, Геодинамикаи муҳандисӣ, Гидрогеохимия, Механикаи хокҳо, Гидрогеологияи ККФ, Геокриология, Топография, Тармашиносӣ ва хатарҳои селӣ, Иқлимшиносӣ, Гидрология бо асосҳои геология, Пиряхшиносии умумӣ, Тағйирёбии иқлим ва мониторинги омӯзиши пиряхҳо, Глятсиология, Асосҳои гидрометеорология ва ҳифзи муҳити зист, Динамикаи ҳаракат ва равандҳои маҷроӣ, Проблемаҳои муосири пиряхшиносӣ, Уқёнусшиносӣ ва ғ.

Фанҳои таълимии кафедра: Геологияи муҳандисии Тоҷикистон, Геологияи Тоҷикистон, Гидрогеологияи конҳои нафту газ, Усулҳои истифодаи аксҳои кайҳони дар геологияи муҳандисӣ, Асосҳои пармакунӣ дар гидрогеология, Механикаи хокҳо, Харитасозии муҳандисӣ геологӣ, Харитасозии гидрогеологӣ, Обҳои минералӣ ва термалии Тоҷикистон, Ярчшиносӣ, Геологияи муҳандисӣ, Гидрометрия, Яхшиносӣ, ГИС-технология, Селшиносӣ, Гидрологияи материкҳо, Гидрогеологияи ККФ, Масоили муосири гидрологӣ, глятсиологияи сохторӣ, гидроэкология, Обтаъминкунӣ, Глятсиология, Мелиоратсияи техникии грунтҳо, Асосҳо ва таҳкурсиҳо, Гидрогеологияи Тоҷикистон, Геокриология, Гидрогеологияи мелиоративӣ, Ноҳиясозии сейсмикӣ, Истифодаи эксплуататсионии обҳои зеризаминӣ, Гидрологияи баҳрҳо, Раванҳои маҷроӣ, Минтақаҳои яхбандии доимӣ, Танзими обшора, Гидрологияи дарёҳо, Тағйирёбии иқлим ва проблемаҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои обӣ, Неотектоника ва ҳаракатҳои муосири геологӣ.

Таҷрибаомӯзиҳо:

Таҷрибаомузии таълимӣ: Донишҷуёни ихтисосҳои назди кафедра баъди нимсолаи дуюм ва чорум таҷрибаомузии таълимиро аз фанҳои гидрология бо асосҳои геология ва геологияи сохторӣ ва харитасозии геологӣ дар пойгоҳи таҷрибаомӯзии Зиддеҳ мегузаронанд.

Таҷрибаомузии истеҳсолӣ:

Таҷрибаомузии истеҳсолии назди кафедра донишҷуён баъди хатми курсҳои сеюм ва чорум дар муассисаҳои соҳавӣ ва экспедитсияҳои гидрогеологӣ, муҳандисӣ-геологӣ, гидрологӣ ва пиряхшиносӣ мегузаранд. Бо мақсади таҳким ва татбиқи донишҳои назариявӣ.

Хатмкунандагони кафедра:

Дар даҳсоли охир зиёда 200 нафар мутахассисони баландихтисос кафедраро аз руйи дараҷаи бакалавр, мутаххасис ва магистратура хатм кардаанд. Дар ҳамин давра дар Шурои муштараки диссертатсионии байнидавлатии Д25.17.544-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИ Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия зиёда аз 12 нафар устодон ва аспирантони кафедра рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дифоъ намудаанд.

  1. Дар Шурои диссертатсионии байнидавлатии Д25.17.544 –и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИ Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон
  2. Валиев Ш.Ф. – рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои муҳандисӣ-геологии трансформатсияи сатҳи литосфераи минтақаҳои кӯҳӣ (дар мисоли Тоҷикистон) аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 15.09.2015 таҳти мушовири илмӣ доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Усупаев Ш.Э. дифоъ намудааст.
  3. Ғайратов М.Т. – рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Идоракунии муҳандисӣ-технологии фурӯнишинӣ дар массиви ҷинсҳои лёссии Данғраи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 30.10.2015 таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Комилов О.К. дифоъ намудааст.
  4. Шарифов Г.В. – рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Типизатсияи муҳандисӣ-геологӣ хатарҳои геологии ҳудуди шаҳри Душанбе” аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 05.09.2016 таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Усупаев Ш.Э. дифоъ намудааст.
  5. Давлатов Ф.С. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи “Бавуҷудоии равандҳо ва зуҳуроти муҳандисӣ-геологӣ дар минтақаи зериобмонии обанбори Роғун (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 06.03.2017 таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. ҳимоя намудааст.
  6. Назирова Д.Э. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи “Қонуниятҳои ташаккулёбии хатарҳои геологӣ дар ҳавзаи дарёи Варзоб (Тоҷикистони Марказӣ) аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 06.03.2017 таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. пеш аз муҳлат ҳимоя намудааст.
  7. Андамов Р.Ш. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи “Равандҳои экзогеодинамикӣ, чорбиниҳо оиди огоҳонии хатарҳои геологӣ дар Тоҷикистони Марказӣ) аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ 06.04.2017 таҳти роҳбарии докторони илмҳои геология ва минералогия, профессорон Тоҷибеков М. ва Валиев Ш.Ф. ҳимоя намудааст.
  8. Шерализода Н.Ш. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи “Равандҳои муҳандисӣ-геологии ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳисор: баҳодиҳӣ ва пешгуйии офатҳои табиӣ” аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. ҳимоя намудааст.

II. Дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-053 –и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  1. Саидов С.М. – рисолаи номзадӣ зери мавзӯи “Баҳодиҳӣ ва пешгуйии хатар ва равандҳои геологии марзҳои ҳудудии Тоҷикистон ва Афғонистон (Панҷи поён) аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Салихов Ф.С. пеш аз муҳлат ҳимоя намудааст.
  2. Шоназаров Б.Б. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи “Коркарди тадбирҳои самарабахш ҳимояи ҳудуд аз ярч (дар мисоли ноҳияи Файзобод)” аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Комилов О.К. ҳимоя намудааст.
  3. Ғуломов М.Н. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи «Тадқиқоти муҳандисию геологии ҳудуди водии Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи муҳандисӣ» аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. ҳимоя намудааст.
  4. Гулов З.Дж. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи «Технологияи коркарди структураи дренажҳо дар минтақаи паҳншавии ҷинсҳои карбонатӣ ва хокҳои фурӯраванда». (дар мисоли Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон)» аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Комилов О.К. ҳимоя намудааст.
  5. Расулов Н.М. – рисолаи номзадӣ таҳти мавзӯи «Хусусиятҳои ташаккули хатарҳои геологӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон (Тоҷикистони Марказӣ)». аз руйи ихтисоси 25.00.08 – геологияи муҳандисӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. 24.09.2021 ҳимоя намудааст.

Хатмкунандагони кафедра:

Бисёре аз хатмкунандагони кафедра дар роҳбарии ташкилотҳои пешбари истеҳсолӣ, илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла ташкилотчиён ва роҳбарони истеҳсолот, ташкилотҳои лоиҳакашӣ кор мекунанд. Хатмкунандагони кафедра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вобаста ба таъминоти муҳандисию геологии тамоми намудҳои сохтмон (шаҳарӣ, саноатӣ, хатӣ, энергетикӣ, гидротехникӣ ва ғ.) фаъолият доранд, дар шӯъбаҳои гуногуни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва кишварҳои дуру наздик, дар корхонаҳои «Барқи тоҷик», дар ташкилотҳои саҳомӣ ва тиҷоратӣ ва корхонаҳои сохтмони гражданӣ ва саноатӣ, барои таъминоти инженерию геологии азхудкунии конҳои гуногун, аз ҷумла ангишт, нафт ва ғайра кор мекунанд.

Бисёре аз хатмкунандагони кафедра дар солҳои охир аз рӯи ихтисоси худ дар корхонаҳои бонуфузи илмию истеҳсолии ватанӣ роҳбарии онҳоро ба ӯҳда доранд.

Хатмкардаи кафедра соли 1993 Андамов Р., н.и.г.-м., дотсент – аз соли 2022 декани факултети геологияи ДМТ.

Хатмкардаи кафедра соли 2010 Шерализода Н.Ш., н.и.г-м., – аз соли 2015 директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии ҳифзи захираҳои обӣ»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2021 муовини директори Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатмкунандаи кафедра соли 2017 Саидзода С.М., н.и.г.-м., – аз соли 2021 директори Муассисаи давлатии «Маркази тадқиқотии ҳифзи захираҳои обӣ»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии кафедра:

Мавзӯъи илмии кафедра: Масоили геодинамикӣ, тағийрёбии иқлим ва таъсири он ба равандҳои муҳандисӣ-геологӣ дар Тоҷикистон.

Роҳбари илмӣ: д.и.г.-м., профессор Саидов М.С.

Самти асосии корҳои илмию таҳқиқотии кафедра: Масоили геодинамикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба равандҳои муҳандисӣ-геологӣ дар Тоҷикистон.

Устодони кафедра дар тули солҳои фаъолият корҳои илмию методӣ ва таълимиро барои донишҷуёну магистрон ва аспирантон навишта руйи чоп овардаанд:

  1. Андамов Р.Ш. Экзогеодинамические процессы и мероприятия по предупреждению георисков в Центральном Таджикистан. (Монография). Душанбе: Издательство ТНУ. 2019. – 160 с.
  2. Андамов Р.Ш. Гидрогеологияи амалӣ. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ. Душанбе, 2021. – 112 с.
  3. Валиев Ш.Ф. Асосҳои кӯҳкорӣ. / Ташрипов Қ.Қ. ва диг. // Китоби дарсӣ. Матбааи ДМТ, Душанбе, 2020. 232 саҳ. Дар чоп аст.
  4.  Валиев Ш.Ф. Тахриби ҷинсҳои кӯҳӣ бо таркиш. / Валиев Ш.Ф. // Китоби дарсӣ. Матбааи ДМТ, Душанбе, 2020. 201 сањ.
  5.  Валиев Ш.Ф. Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ. / Валиев Ш.Ф. // Китоби дарсӣ. Матбааи ДМТ, Душанбе, 2020. 204 саҳ.
  6. Валиев Ш.Ф. Асосҳои корҳои пармагарӣ. / Қодиров А.А. // Китоби дарсӣ. Матбааи ДМТ, Душанбе, 2020. 205 саҳ. Дар чоп аст.
  7. Давлатов Ф.С. Зоны риска возникновения экзогенных геологических процессов Верхне-Вахшского района и рекомендации смягчении их последствий. Душанбе: Издательство ТНУ. 2018. – 151с.
  8. Комилов О.К., Сатторӣ М., Ғайратов М.Т. Асосҳои илмии технологияи азхудкунии заминҳои ноустувор (монография). / Сатторӣ М., Ғайратов М.Т. // Матбааи ДМТ. Душанбе 2016, 200 саҳ.
  9. Комилов О.К., Ғайратов М.Т. Гидрология ва иқлимшиносӣ. Китоби дарсӣ. Матбааи ДМТ, Душанбе, 2019. 216 саҳ.

10. Комилов О.К., Ғайратов М.Т. Гидрогеологияи мелиоративӣ бо ҳалли мисолҳо”. Китоби дарсӣ. ҶДММ “Нӯшбод” – Душанбе. 2022. – 140 с.

11. Шарифов Г.В. “Усулҳои муосири таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологӣ” Китоби дарсӣ. ҶДММ “Нӯшбод” – Душанбе. 2022. – 150 .

12. Шарифов Г.В. “Фарҳанги тафсирии хоҷагии об” русӣ ба тоҷикӣ. Луғат.ҶДММ “Нӯшбод” – Душанбе. 2022. – 251 с.

13. Шарифов Г.В., Норматов А.Ю. “Руководство по управлению системами водоснабжения и водоотведения в селӣской местности” Дастурамал. ҶДММ “Нӯшбод” – Душанбе. 2022. – 250 с.

14. Шарифов Г.В. Дастурамал оид ба идоракунии системаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов дар деҳот. Дастурамал. ҶДММ “Нӯшбод” – Душанбе. 2022. – 135 с.

15. Шарифов Г.В. Об, ҳаёт, сиёсат. Душанбе: Недра. 2013. – 140с

16. Шарифов Г.В. Усулҳои таҳқиқоти гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ. Душанбе: Маориф. 2014. – 26 с.

17. Шарифов Г.В. Оби ошомиданӣ ва обтаъминкуӣ. Фарҳанги тафсирии русӣ ва тоҷикӣ. Душанбе: Недра. 2011. – 132 с.

18. Саттаров М.А., Комилов О.К. Научные основы технологии освоения структурно-неустойчивых грунтов. Душанбе: Промэкспо. 2014. – 189 с.

19. Шарифов Г.В. Инженерно-геологическая типизация георисков территории города Душанбе и его агломерации. Монография: ИД «Калем». 2019. – 168 с.

20. Шарифов Г.В. Тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ. Душанбе: Маориф, 2020. -150 с.

21. Саидов М.С., Давлатов Ф.С., Салихов Ф.С., Саидов С.М., Ғайратов М.Т. Воситаи таълимӣ оид ба таҷрибаомӯзии геологӣ дар водии Зиддӣ. Нашриёти «Нушбод». Душанбе. 2021. – 240 с.

22. Саидов М.С., Ғайратов М.Т., Давлатов Ф.С., Каримов Ф.Ҳ. Пиряхшиносии умумӣ. Душанбе: Нушбод. 2021. – 124 с.

23. Шарифов Г.В. Усулҳои муосири таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологӣ. Душанбе: 2022. – 204 с.

24. Шарифов Г.В. Фарҳанги тафсирии хоҷагии об. Душанбе: “Сино” 2022. – 32 с.

25. Саидов М.С. Неотектонические и современные ддвижения геодинамических полигонов Таджикистана и их влияние на сейсмическую активность, Душанбе «Нушбод». 2022. – 216 с.

Дар маҷмуъ 223 мақолаҳои илмии устодони кафедра дар дохил ва хориҷӣ кишвар рӯйи чоп омадааст. 

УСТОДОНИ КАФЕДРА

Ғайратов Маликдод Тополангович 8-уми августи соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2000 факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000-ум ба ҳайси ассистент дар кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ оғоз намудааст. Аз соли 2001 то соли 2006 муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ. Аз соли 2000 то соли 2004 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2000 то 2008 ассистенти кафедра. Соли 2015 рисолаи номзадиро дар Шурои диссертатсионии байнидавлатии Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо мувафаққият дифоъ намудааст. Аз соли 2008 то соли 2017 муаллими калон. Аз соли 2008 то соли 2009 муовини декан оид ба таълим. Аз соли 2011 то 12-05-2023 ба ҳайси мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ кору фаъолият намудааст.

Муаллифи 104 корҳои илмӣ аз ҷумла 97 мақолаи илмӣ, 3-китоби дарсӣ ва 4 воситаву барномаи таълимӣ мебошад.

malikdod@mal.ry

(+992) 935237085

Профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия

Саидов Мирзо Сибгатулович, 24 майи соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1973-1975 дар гурӯҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Олмон хидмат кардааст. Соли 1976 ба шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро соли 1981 бо ихтисоси гидрогеолог ва муҳандис-геолог хатм кардааст. Соли 1981 бо тақсимот ба шуъбаи Тоҷикистонии Маркази давлатии «Природа» ба кор фиристода шуд. Аз соли 1981 то соли 2020 муҳандис, муҳандиси калон, мудири сектор, мудири лаборатория, директори Маркази илмию-таҳқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2020 то ҳол профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ.

saidov-mirzo@mail.ru

(+992) 938689710

Профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, доктори илмҳои техникӣ

Комилов Одина Комилович 01.01.1942дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1960-1962 ба ҳайси устои сохтмони обанбори трести “Тоҷикгидрострой” оғоз кардааст. Сипас солҳои  1962-1967 ҳамчун донишҷӯи донишкадаи гидромелиоративии ш. Москва таҳсил кардааст. Пас аз хатм донишкадаи мазкур солҳои 1967-1969 муҳандиси калон ва сармуҳандиси дирексияи сохтмони совхози Ғараутӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1969-1974 аспирант, корманди илмии хурди сектори илмӣ-таҳқиқотии донишкадаи гидромелиоративии ш. Москва низ фаъолият кардааст.

Соли 1973 дар заминаи анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳисоботи техникӣ дар мавзуи «Техникаи обёрии зироати пахта дар хокҳои фурӯравандаи заминҳои Ғараутии Тоҷикистон» таҳти рақами 69043265 (Вазорати хоҷагии қишлоқи СССР, Донишгоҳи гидромелиоративии Москва. -М., -1973, 213 с.) ба сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи гидромелиоративӣ пешниҳод мешавад ва дар асоси он рисолаи номзадии устод Комилов Одина Комилович дар мавзуи дар боло зикршуда омода карда мешавад.

Моҳи октябри соли 1974 Комилов О.К. дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи гидромелиоративии шаҳри Москва рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуда, ба унвони номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси «Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ» сарфароз мегардад.

Сипас солҳои 1974-1979 ассистент, муаллими калони кафедраи  механикаи сохтмони донишкадаи аграрӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1979-2001 мудири озмоишгоҳи филиали Тоҷикистон ВНИИГИМ аз соли 1992-Тоҷик НИИГИМ.

Соли 1991 рисолаи докторӣ дар мавзуи «Назария ва усулҳои азхудкунӣ ва обёрии заминҳои фурӯраванда» аз рӯйи ихтисоси 06.01.02- Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин» ҳимоя намояд. Моҳи апрели соли 1992 КОА-и Федератсияи Россия ба ӯ унвони доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси дар боло зикршударо додааст.

Солҳои 2001-2006 декани факултети гидромелиоративии ДАТ фаъолият кардааст. Солҳои 2014-2014 профессори кафедраи механикаи сохтмон ва гидравликаи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2014 то ҳол профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ фаъолият намуда истодааст. Муаллифи бештар аз 150 асар таълиф ва чоп кардаанд.

Komilov@mail.ry

+992 919142921

Дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Андамов Раҷабалӣ Шамсович 31-уми январи соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор  ба дунё омадааст. Соли 1988 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети геологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) супурда, баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои  дохилшавӣ донишҷӯи он гаштааст. Соли 1993 факултети мазкурро бо касби «муҳандис-геолог» хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ соли 1993 дар КИ «Тоҷикнафт» оғоз намуда, соли 1996 тариқи гузариш ба кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба кор омадааст.

Аз соли 1996 то соли 1999 ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, аз соли 1999 муаллими калони ҳамин кафедра фаъолият кардааст.

Аз соли 2008 то соли 2011 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудааст.

Аз соли 2002 муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона ва аз соли 2003 то соли 2019 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи факултети геологияи ДМТ кору фаъолият намудааст. Солҳои 2019-2020 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаро ба уҳда дошт.  Аз моҳи апрели соли 2022 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи декани факултети геология фаъолият намуда истодааст.

Иштирокчии чандин конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ буда, зиёда аз 50 корҳои илмӣ – методӣ, аз он ҷумла 1 китоби илмӣ-публисистӣ, дар ҳаҷми 108 саҳифа, 1 дастурамали таълимии ҳаммуаллифӣ дар ҳаҷми 58 саҳифа, 1 дастурамали таълимии яккамуаллифӣ дар ҳаҷми 112 саҳифа ва 1 манография аз чоп баровардааст. Дорандаи ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ҲХДТ мебошад.

Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Равандҳои муосири экзогеодинамикӣ ва чорабиниҳо доир ба огаҳии пешакии хатарҳои геологӣ дар Тоҷикистони Марказӣ» дар Шурои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисоси «25.00.08-Геологияи муҳандисӣ, яхбандшиносӣ ва грунтшиносӣ» бо муваффақият дифоъ намудааст.

          Соли 2018 соҳиби нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» гардидааст.

Соли 2023 бо Медали “Хизмати шоиста”  сарфароз гардонида шудааст.

Тел.: 938 15 16 28; 988 06 88 36

Email: andamov71@mail.ru

Дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия

         Шарифов Гул Ваҳобович 21 мартисоли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

         Соли 1986 факултети геологияи Университети давлатии Тоҷикистон-ро  бо ихтисоси инженер-геолог хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1986 ба сифати техник-гидрогеологи калон дар Саридораи геология оғоз намуда, баъдан дар Пажуҳишгоҳи давлатии кофтукови инженер-техникии Тоҷикистон, Маркази илмӣ-истеҳсолии «Недра»-и Университети давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Помиркварцсамоцветы» фаъолият кардааст. Солҳои 1990-2014 дар Иттиҳодияи «Тоҷиксельхозводопроводстрой» фаъолият намудааст. Аз соли 2014 дар вазифаи муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба сифати дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.

gulsharifov@mail.ry

+992 918297544

   

Дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Давлатов Фирдавс Сафаралиевич 30.06.1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2006 ба факултети геологияи ДМТ дохил шуда соли 2011 хатм намудааст. Баъди хатми факултети геология соли 2011 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ оғоз намудааст.

Солҳои 2011-2018 дар вазифаи ассистенти кафедраи болозикр фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2019 муаллими калони кафедраи мазкур фаъолият кардааст.

Солҳои 2011-2014 дар шуъбаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудааст. Аз 01.10.2019 то 30.11.2020 дар вазифаи Директори Маркази илмию таҳқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2020 –2022 ба ҳайси муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ фаъолият намудааст.

Аз 07.02.2022 дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ;

   Аз 12-05-2023 иҷрокунандаи мудири кафедраро ба уҳда дорад.

Муаллифи 50 корҳои илмӣ аз ҷумла 48 мақолаи илмӣ, 2 китоби дарсӣ мебошад.

firdavs_davlatov_88@mail.ru

(+992) 918-31-93-66

Муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Ғуломов Мирзовали Назаралиевич 5-уми сентябри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоқикистон таваллуд шудааст. Соли 2005 ба факултети геологияи ДМТ дохил шуда соли 2010 хатм намудааст. Баъди хатми факултети геология соли 2010 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология оғоз намудааст.

Солҳои 2010-2018 дар вазифаи ассистенти кафедраи болозикр фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2019 муаллими калони кафедраи мазкур фаъолият кардааст.

Солҳои 2016-2020 дар шуъбаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудаат.

Аз 01.06.2018 то 02.10.2022 дар вазифаи ноиби декан оид ба корҳои тарбиявии факултети геологияи ДМТ фаъолият намудааст.

Аз 02.10.2022 то ҳол муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи 25 корҳои илмӣ аз ҷумла 23 мақолаи илмӣ мебошад.

gmirzovali @mail.ru

(+992) 938-37-39-87

хиёбони Рӯдакӣ 17

Ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Расулов Нуралӣ Маҳрамхуҷаевич 14 ноябри соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2007 ба факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012  донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси геолог-гидрогеолог хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2013 дар Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова дар шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор шуруъ кардааст.

Солҳои 2015-2021 дар вазифаи мудири лабораторияи захираҳои об ва танзими замини Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2015-2019 аспиранти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИҶТ.

Аз моҳи апрел то августи соли 2021 ходими калони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ фаъолият кардааст.

Аз соли 2021 то ҳол ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Муалифи 11 –мақолаи илмӣ мебошад.

nurali_rasulov89@mail.ru

+992 918-70-08-47

Муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ

Сайфуллоева Қумринисо Ғайбуллоевна 17 январи соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1991 ба факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро соли 1996 бо ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2001 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Аз ноябри соли 2004 то декабри соли 2015 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2022 то ҳол муаллими калони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Муаллифи 30 мақолаи илмӣ.

niso_73@mail.ry

+992 900797837

Рафти дарсҳои устодони кафедра