Сафаров Лоиқ Ҷалолович 29.09.1989 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2011 ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро аз рӯи ихтисоси аксбардории геологӣ, ҷустуҷу ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, соли 2015 хатм намуда, соҳиби касби “муҳандис-геолог” гаштааст.
Аз соли 2015 собиқаи кории худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология ба сифати ассистент аз 2015-2023 ва аз соли 2023 то ҳол ба сифати муаллими калон дар кафедраи номбаршуда кору фаъолият дорад. Аз моҳи октябри соли 2022 ба ҳайси муовини декан оид ба тарбия таъйн шудааст.
Дар факултети геология фаъолияти корҳои тарбияви мувофиқи нақша-чорабиниҳо, ки аз тарафи ноиби ректори Донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Имомова Н.М. тасдиқ гардидаанд, амалӣ мегардад.
Ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар асоси Оиннома ва низомномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал намуда, дар фаъолияти кории худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармонҳои ректор ва фармоишҳои муовини ректор оид ба тарбияро ба роҳбарӣ мегирад. Инчунин тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ доранд, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти корҳои тарбияви дар факултети геология чунинанд:
а) Кор бо мушовирони гурӯҳҳои академӣ.
б) Кор бо Шӯрои занон ва духтарон.
в) Кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ.
г) Кор бо донишҷўёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсил дошта.
ғ) Кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта.
д) Кор бо Шӯрои падару модарон (волидайн)
Шӯрои кураторон
Дар факултет 28-гурӯҳи академӣ мавҷуд аст, ки дар ҳар як гурӯҳи академи мувофиқи нақша мушовири академи корҳои тарбиявиро пеш мебаранда. Раисии Шӯрои кураторонро ассистенти кафедраи геологияи ҷустуҷӯ ва иктишофи ККФ Акбаршоҳи Маҳмадшариф ба ӯҳда дорад. Бояд қайд намуд, ки ҳар як сарпарасти гурӯҳ барномаи кории дарсҳои тарбиявӣ ва нақша – чорабиниҳои хешро дошта, он аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва раиси Шӯрои кураторон тасдиқ гардида, мувофиқи он амал мекунанд. Шӯрои кураторон дар муштарак бо муовини декан оид ба тарбия моҳе як маротиба ҷаласа гузаронида, дар он масоили муҳими ҷойдоштае, ки марбут ба тарбия мебошанд, баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро қабул менамоянд. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ва фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет сари вақт дар гурӯҳҳо сарпарастон дарсҳо гузаронида суратҷаласаҳо омода менамоянд. Дар соли таҳсили 2020- 2021 дар гурӯҳҳои академӣ аз тарафи сарпарастон оид ба терроризм ва экстремизм, ВНМО, Амалҳои корупсионӣ ва дигар масъалаҳои доги рӯз дарсҳо гузаронида, суратҷаласаҳо омода карда шудааст.
Кор бо созмонҳои ҷамъиятии факултет
Дар факултети геология созмонҳои ҷамъиятиро раиси созмони ҷавонон ассистенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника Холмирзоев М.А. ба ӯҳда доранд.
Мувофиқи нақша онҳо нақшаҳои кории худро доранд, ки дар аввали соли хониш дар мувофиқа бо садорати факултет ва Раиси Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ тасдиқ карда шудаанд ва аз рӯйи он амал мекунанд. Ҳар як созмон раис ва ҳар як гурӯҳи академӣ аъзоёни худро дошта, моҳе як маротиба бо иштироки муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва раиси Шўрои кураторон ҷаласа гузаронида мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки саҳми ин созмонҳо дар гузаронидани ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои характери фарҳангию ахлоқӣ ва сиёсӣ дошта, хеле калон аст. Дар нимсолаи аввал созмони ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷўён моҳе як маротиба ҷамъомад баргузор намуда, оид ба рўзгори донишҷўёни ятим ва бепарастор, тибқи квотаи Президенти таҳсилкунанда, ва донишҷўёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ зиндагикунанда суҳбатҳо намуда, аз вазъи зиндагонии онҳо бохабар мешаванд.
Фаъолияти кории ассотсиатсияи волидайни факултети геология
Доир ба фаъолияти асотсиоатсияи волидани факултет мутобиқи нақша чоробиниҳои раёсати донишгоҳ ва садорати факултет дар соли 2020 то инҷониб як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд.
15.10.2022 дар курси 2-уми гурӯҳи 51020102 ихтисоси амолиёти маркшейдири сарпараст Шоҳмамадов Х. вохури бо волидайни донишҷӯёни гурӯхи мазкур гузаронид, ки дар ин вохури мудири кафедраи геология менеҷменти маъдану техника Назирова Д. ноиби декан оид ба тарбия Ғуломов М. Н. ва ассотсиатсияи волидайни факултет Асадуллоев К.Р. иштирок дошанд.
Аз 40-нафар донишҷӯ 28-нафар иштирок доштанд ва 28- нафар волидайн дар ҷаласа иштирок ва суханрони намуданд.
Сухани ифтитоҳиро сарпарасти гурўх огоз намуд.
Баъдан Гуломов М.Н баромад намуда ҳамаи падару модарони дар маҷлис иштирок доштаро сипос гуфта иброз дошт, ки айни замон Донишгох ба худтанзимкуни гузаштааст бинобар ин чи камбудие, ки дар синфхонаҳои таълими мавҷуданд бояд худи донишҷуён синфхонаро таъмир ва ободу озода нигаҳ доранд. Ҳар як донишҷўро зарур аст, ки бо ахлоқи ҳамида сару либоси тавсия шудаи донишгоҳ ба факултет ворид гарданд, лекин имрузҳо бархе аз донишҷўён низомномаи донишгоҳро вайрон намуда дарсшикани, бе сару либоси тавсия шуда, риш ва ҷувздон вориди факултет мешаванд,ки аз тарафи мо ба онҳо сарзаниш пешниҳод мешавад. Волидайни донишҷўён суханҳои Гуломов М.Н.- ро якдилона дастгири карданд.
27.11.2020 дар ихтисоси иктисод ва идора дар саноати кухкори куратор Холов Б вохурии волидайни гурўҳи мазкур гузаронида шуд, ки дар ин вохури ноиби декан оид ба тарбия Гуломов М.Н ва Раиси асотсиатсияи волидайн Асадуллоев К.Р иштирок карданд.
20-нафар донишҷўёне,ки бе сабабҳои узрнок ва давомоти нокифоя ба дарсҳо иштирок накарданд бо волидайни худ дар ҷаласа иштирок карданд
Мушовири гурўҳ дар бораи масъалаи иштироки дарс, танзиму интизом, сару либос, истифодаи телефони мобили ва гайра суханрони намуд.
Шўрои ассотсиатсияи волидон дар асоси Оиннома ва Нақша-чорабиниҳо дар мувофиқа бо садорати факултет ва шуъбаи тарбия фаъолияти худро хуб ба роҳ мондааст.
Кор бо донишҷӯёни шўъбаи рузона
Дар факултет 749 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар соли таҳсил фаъолона дар дарсҳо ва корҳои ҷамъияти иштирок менамоянд. Оид ба дер омадан ба дарсҳо ва иҷро накардани сарулибоси расми зиёда ба 25 нафар донишҷӯ огоҳи дода шуда тадбиротҳо омода карда шудааст. Аксарияти донишҷўён дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ фаъолона иштирок намуда баҳри ободии донишгоҳ ва факултет саҳми худро гузоштаанд.
Кор бо донишҷӯёни дар хобгох истиқоматдошта
Дар соли хониши 2020-2021 барои гирифтани манзилнома 83-нафар бо ариза ба камиссияи тақсимоти хобгоҳҳо муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 70- нафарашон аз комиссияи таъсисдодашуда гузашта соҳиби манзилнома гардиданд. Донишҷўёни соли таҳсили якум, ки аз Вилояти Сугд 25-нафар, Вилояти Хатлон 30-нафар, Ноҳияи Рашт 10- нафар, Бадахшон 10-нафарро ташкил медоданд, ҳаммаи ин донишҷўён ба манзили истиқомати дар хобгоҳҳои донишгоҳ ҷой карда шудаанд. Дар маҷмўъ 30-нафар донишҷўи курси якум соҳиби манзили истиқомати дар хобгоҳҳои донишгоҳ гардиданд. Инчунин 40-нафар донишҷўёни курсҳои дуюм, сеюм ва чоруми факултет низ соҳиби манзилномаи хобгоҳҳои донишгоҳи сазовор гардиданд.
Почта. L-Safarov89@mail.ru
+ 992934027075