ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ФАКУЛТЕТ

18

Санаи 05.11.2026 дар факултет дар доираи дастури ректори ДМТ аз 23.10.2026 №01(03)/2624 оид ба дар сатҳи баланди ташкилию маърифатӣ таҷлил намудани 32-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдулаҳадзода Собирҷон Абдулаҳад – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ чорабини илмӣ- маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро декани факултет, дотсент Холзода Б.К. оғоз бахшида меҳмонро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.

Сипас, н.и.ҳ., дотсент Абдулаҳадзода С.А. дар мавзӯи “Конститутсия бахтномаи миллат” ба сухан баромада иброз дошт давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, парчам, нишон, суруди миллӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтномаи миллат», «Шаҳодатномаи миллат», «Шоҳсутуни давлат», «Санади тақдирсоз» мегӯем, зеро ин китоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст.

Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст муфассал маълумот дод.