ТАБРИКОТ

17

Санаи 24-уми апрели соли 2026 дар Кохи Суруш бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзиев Фотеҳ Абдувакилович дар соҳаи заминшиносӣ соҳиби ҷоизаи “Олими сол” гаштанд.

Аз ин рӯ, садорат, устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети геология бо камоли эҳтиром ва ифтихор Шуморо ба муносибати сазовор шуданатон ба ҷоизаи фахрии «Олими сол» табрик ва таҳният мегӯяд.

Ин мукофоти арзанда бозгӯи заҳматҳои пайвастаи илмии Шумо, сатҳи баланди касбият ва саҳми назаррас дар пешрафти илми геология ва тарбияи мутахассисони соҳибихтисос мебошад.

Ба Шумо тандурустии пойдор, неруи тоза, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештар дар ҷодаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ орзумандем.