Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дармиқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгири меёбанд.
Санаи 15.05.2026 дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар ДМТ, бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ, бо ташаббуси кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Динамикаи системаҳои обӣ-пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва «Солҳои 2025-2030 – солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» доир карда шуд.
Дар ифтитоҳи конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетика ба номи Дюшен Маматканови Ҷумҳурии Қирғизистон (онлайн), Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия намояндаи илм — сардори Раёсати илм, н.и.и., дотсент Шоимардонов С. иброз дошт, ки обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Имрӯз тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ таъсири назаррас расонида, ба экосистемаҳо, иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии миллионҳо нафар таҳдид мекунад. Пиряхҳо нишондиҳандаи асосии ин равандҳо ҳастанд ва обшавии босуръати онҳо зарурати андешидани тадбирҳои фавриро тақозо мекунад.
Зимнан декани факултет, дотсент Бахтиёр Холзода иброз дошт, ки обшавии пиряхҳо сабаби хатари ҷиддӣ барои коҳиши захираҳои об, зиёдшавии офатҳои табиӣ, халалдор шудани низоми экосистемаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад. Дар чунин шароит таъхир дар андешидани тадбирҳои муштарак метавонад пайомадҳои ҷуброннопазир ба бор оварад. Аз ин лиҳоз, пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо саривақтӣ, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният аҳамияти стратегӣ доранд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ намуда, саҳми назарраси онро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳад. Ин иқдом гувоҳи он аст, ки бо иродаи сиёсӣ, дидгоҳи ояндабин ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ба ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳим ва таъмини ояндаи устувор ноил гардид.
Дар конференсия мутахассисон оид ба мавзуъҳои «Яхбандиҳои қадимаи Помир: таҳлилҳои қиёсии консепсияҳои илмӣ», «Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва инкишофи илми пиряхшиносии тоҷик ва интегратсияи он ба фазои илмии ҷаҳонӣ», «Сарчашмаҳои асосии захираҳои обии дарёҳои кӯҳӣ дар мисоли Ала-Арча (Шимоли Тиён-Шон)» (онлайн), «Мониторинги динамикаи пиряхи Хирсон бо ёрии зондкунии масофавӣ», «Хусусиятҳои воридшавӣ ва тақсимоти фазоии массаҳои ҳавои намноккунанда дар террасаҳои кӯҳӣ», «Криосфера: ҳифзи пиряхҳо ва наҷоти башарият», «Вазъи кунунии пиряхҳои зерҳавзаи Вуждаро, шохоби чапи водии дарёи Ғунд, Помири ҷанубу ғарбӣ (Тоҷикистон)» ва «Тавсифи мухтасари офатҳои табиии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гардида, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи ҷаҳон рӯз то рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.

















