ВАҲДАТОФАР

138

Ваҳдати миллӣ – дар назари аввал як ифодаи сода ва одӣ, аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани он бениҳоят афсона менамояд. Дар кишвари азизамон оташи задухурдҳои қабилавӣ, ҷангҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ аланга зада буд. Замоне расида буд, ки бародар бо бародар дастбагиребон, падару писар якдигарро теғ мекашид, ба номуси хоҳари тоҷик даст расонида мешуд, шаъну шарафи миллӣ аз даст рафта буд ва дар ниҳояти кор аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омада буд.

Дар ин вазъият, яъне дар вазъияти бениҳоят нангин барои миллати сарбаланди тоҷик, ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш, нафаре лозим буд, ки худро фидо кунаду миллатро аз ин вартаи нобудӣ барорад. Ва бо амри тақдир нафаре аз миёни халқ пеш омад, ки ба тақдири минбаъдаи миллати тоҷик ва Тоҷикистониёни азиз таъсири ҳалкунанда гузошт. Ин нафар, албатта Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Маҳбубияти тамоми миллати тоҷик ба президенташон аст, ки имрӯзҳо ин шахсияти бузург бо унвонии олӣ – Пешвои миллати тоҷик сарфароз гардидааст. Медонем ва аксарият инро дарк кардаанд, ки дар радифи ин шахсияти бузург суханҳои нек гуфтан ба душманони миллати тоҷик, алалхусус ватанфурӯшони дарбадар, ки аз хориҷи кишвар ба миллати тоҷик ва роҳбари сарсупурдаи он санги маломат мезананд, писанд нахоҳад омад.

Аммо ин далели воқеъӣ ва раднопазир аст. Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарият ва халқиятҳову кишварҳои гуногуни хориҷи наздику дур ба роҳбари мо – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳпарвари миллати худ баҳои баланд додаанд ва дода истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷониби ҳукумат бо хоҳишу истодагарии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон барои якпорчагии Тоҷикистони азиз, барои сулҳу субот, барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва хонаи умеди тоҷикони дунё талошҳои зиёде намуданд ва дар муддати солҳои 1992 то 1997 8 маротиба ба гуфтушунидҳо бо мухолифини тоҷик ризоият дода, ҳатто ба минтақаҳои даргиру хавфнок рафта музокираҳо анҷом додаанд.

Таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давраҳои басе хатарноку вазнин касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард.

Соли 1992, аниқтараш таърихи 8 декабри ҳамин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садди роҳи ҷанги бародаркӯш шудан, қадами устувор гузошт ва ба халқи тоҷик муроҷиат кард. Дар ин муроҷиатнома, аз ҷумла қайд карда шудааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».

Гуфтушунидҳо бо мухолифин дар давлатҳои Эрон, Покистон Афғонистон ва Русия натиҷаи дилхоҳ доданд. Билохира 27 июни соли 1997 Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз сиёсати орифона, оқилона, дурандешона, садоқат ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат сабаб гардид, ки нофаҳмоиҳо ва нобасомониҳо дар кишварамон хомӯш гардад. Имзои ин санади муҳим кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд.

Ба даст омадани сулҳу субот ва низом дар давлатдории миллати тоҷикон ҷомеаи ҷаҳониро то андозае мутеи худ гардонд, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши созмони бонуфузи сайёра – СММ ва бисёр давлатҳои олам гардид.Пеш аз он, ки ҳуҷҷати таърихии тақдирсози миллати тоҷик ба имзо расад, халқу миллати азизи тоҷик чи фалокатҳоеро аз сар гузаронд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ гардиданд. Зарари иқтисодии ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил дод. Хоҷагии халқ тақрибан пурра касод гашт, иншоотҳои хизматрасон, корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ аз кор монданд. Тадрис дар муассисаҳои таълимии чи миёна ва чи миёнаи касбию олӣ боздошта шуданд. Умуман, давлат, ба қавле, ҳолати беҳаракатиро ихтиёр карда буд.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ пешравии кишвар, гулгулшукуфоии ватан, зисту зиндагии босуботи миллат аст. Давлате, ки аз сулҳу амонӣ ва дӯстии мардумаш дифоъ мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро риоя намуда, рушди бемайлони онро таъмин менамояд, он давлати пойбарҷо мебошад ва, хушбахтона, ҳама ин омилҳо дар кишвари мо амалӣ шуданд.

Ин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон – Тоҷикистонро обод гардонем.

Ҳамасола 27-уми июнро ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар саросари кишвари азизамон – Тоҷикистон бо ҳувияти баланд ҷашн мегиранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми сарбаланди тоҷикро аз самими қалб бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният мегӯем. Бигузор, ҳамеша дар хонадони ҳар яки мо, дар ватани азизи мо, дар тамоми сайёра сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ поянда бошад.

Хушвахтзода Қ.Х.,ректори ДМТ, профессор

Андамов Р.Ш.,декани факултетигеология, дотсент