ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

1081

Албатта, вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, ба сари ҳар як фарди худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист?Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.Таърих гувоҳ аст, ки 26 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне 26 сол қабл созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд.Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

26-УМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Ғарибмаҳмадова С.Н.- мудири кафедраигеология ва иктишофи ККФ-и факултети геологияи ДМТ.
Фозилов Ҷ.Н.- мудири кафедраи минералогиява петрографияи факултети геологияи ДМТ.