Дар зарфи 35 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафи рушдро тай намуда, ба марҳилаи нави саноативу иқтисодӣ ворид гардид. Дар ин раванд истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ аҳаммияти стратегӣ касб кард.Нақши калидиро дар ин самт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебозанд, ки бо сиёсати дурандешона ва ислоҳоти пайгиронаи худ соҳаи мазкурро ба яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ табдил доданд. Яке аз шартҳои асосии рушди устувори соҳаи геология – ташкили заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ мебошад.
Дар давраи истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат қонунҳо ва стратегияҳои давлатӣ оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ қабул гардиданд.Ислоҳоти сохторӣ дар идоракунии соҳа имкон дод, ки низоми муосири танзим, назорат ва ҷалби сармоягузорӣ роҳандозӣ гардад. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ мусоидат намуданд.Дар давраи аввали истиқлолият соҳаи геология ба як қатор мушкилотҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камбудии маблағгузорӣ, фарсудашавии пойгоҳи моддиву техникӣ ва коҳиши корҳои таҳқиқотӣ рӯ ба рӯ гардид.
Бо вуҷуди ин, бо шарофати сиёсати дурандешона ва дастгирии пайвастаи давлат, бахусус бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин соҳа тадриљан эҳё гардида, ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.Яке аз самтҳои муҳим – аз нав ба роҳ мондани корҳои геологӣ ва ҷустуҷӯии канданиҳои фоиданок мебошад. Дар ин замина барномаҳои давлатӣ қабул гардида, корҳои харитасозии геологӣ, пармакунӣ, таҳқиқоти лабораторӣ ва арзёбии захираҳо вусъат ёфтанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷҳизоти нав имкон дод, ки сатҳу сифати корҳои ҷустуҷӯӣ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба рушди илми геология ва омодасозии мутахассисон зоҳир гардида, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ширкатҳо ва марказҳои илмӣтақвият ёфтанд. Ин омилҳо барои истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд. Саноати кӯҳӣ ҳамчун манбаи асосии ашёи хом барои рушди дигар соҳаҳои саноат, аз ҷумла металлургия, энергетика ва сохтмон, нақши муҳим мебозад. Дар доираи ин сиёсат бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таҷдиди корхонаҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ба роҳ монда шуданд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, рақобатпазирии он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ беҳтар гардад.Дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати давлатӣ, даҳҳо корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ба фаъолият оғоз намуда, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Ҳамзамон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди шарикӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ба густариши иқтидорҳои истеҳсолӣ мусоидат кард.Саноатикунонии босуръат на танҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ низ таъсири мусбат расонд. Рушди саноати кӯҳӣ ҳамчун ҷузъи муҳими саноатикунонии босуръат барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Яке аз омилҳои калидии рушди устувори соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ – ин нерӯи инсонӣ ва сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ мебошад. Дар тӯли солҳои истиқлолият давлат ба ин самт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, сиёсати муназзамро дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисос роҳандозӣ кард. Ин раванд бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як самти афзалиятнок табдил ёфтааст.
Дар доираи ин сиёсат, низоми маориф ва илм ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ тақвият ёфтанд. Омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои геология, геофизика, гидрогеология ва муҳандисии кӯҳӣ васеъ гардида, барномаҳои таълимӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ такмил дода шуданд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҷавонон барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла фиристодани донишҷӯён ба хориҷи кишвар ба таҳсил, роҳандозӣ гардид. Ин иқдом имкон дод, ки аз насли нав мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир ба камол расанд.Илова бар ин, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи натиҷаҳои илм дар истеҳсолот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ба баланд гардидани сифати таҳқиқот ва навовариҳо мусоидат намуданд. Рушди саноати кӯҳӣ бидуни риояи меъёрҳои экологӣ имконнопазир аст.
Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи муҳити зист дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.Бо ташаббуси Пешвои миллат барномаҳои экологӣ қабул гардида, технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар ҷорӣ карда мешаванд. Дар даврони истиқлолият саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ бениҳоят бузург мебошад.Бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи ӯ заминаи ҳуқуқӣ ва сохторӣ таҳким ёфт, корҳои геологӣ эҳё гардиданд, саноати кӯҳӣ босуръат рушд кард, кадрҳои илмӣ омода шуданд ва ҳифзи муҳити зист таъмин гардид. Ҳамин тавр, соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ ба яке аз пояҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Мудири кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геология ДМТ номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Фозилов Ҷ.Н.








