ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КУРАТОРOН ДАР ФАКУЛТЕТ

6

Санаи 27-уми октябри соли 2026 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кураторон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани маърифати молиявӣ, тарбияи дурусти донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаро декани факултет Холзода Б. К. ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти истифодаи дурусту бехатари кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дар шароити рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки кураторони гурӯҳҳои академӣ бояд дар соатҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён тарзи дурусти истифодаи воситаҳои электронии пардохт, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирӣ аз қаллобии молиявиро фаҳмонанд.

Ҳамзамон, ба масъалаи тарбияи ахлоқию маънавӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизоми дохилидонишгоҳӣ, эҳтиром ба устодон ва ҳамсабақон, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ватандӯстии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.Зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарсҳо, чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятӣ яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти масъулиятшиносу соҳибмаърифат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, кураторони гурӯҳҳои академӣ вазифадоранд, ки бо донишҷӯён мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, риояи интизом, иштироки фаъолона дар раванди таълим ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки ҳамкории пайвастаи кураторон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар тарбияи насли донишманд, соҳибахлоқ, ватандӯст ва дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.