КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУҲИТИ ЧОЛИШҲОИ МУОСИР

11

Дар шароити чолишҳои азим ва тезутунд, ки ҷомаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, нақши вокунишу истодагирии ҳуқуқӣ ҳалкунанда аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин росто, баръалост, ки дар канор нест, ва рушду амнияти соҳаҳои мухталиф, хоса – илму маорифро дар чунин шароит таъмин месозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади олии ҳуқуқии кишвар аст, дар ин ҷода нақши калидиро мебозад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Қонуни асосии давлат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, балки пояи бунёдии ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди рӯҳонию моддии ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг маҳсуб меёбад.Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф мақоми олӣ дошта, бо моддаҳои мушаххас ҳимоя ва кафолат дода шудаанд. Дар ин росто, ҷанбаҳои асосии ҳуқуқии нақши Конститутсияро чунин метавон тавсиф кард.

1. Кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба таҳсилМувофиқи Моддаи 41-уми Конститутсияи ҶТ, ҳар як шахс ҳуқуқи таҳсил дорад.Таҳсилоти умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таҳсилоти умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда ройгон ё пулакӣ гирад.Ин меъёр пояи ҳуқуқии фароҳам овардани шароит барои баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтори маълумот ва баланд бардоштани саводи умумии аҳолӣ мебошад.

2. Дастгирии давлатии илм ва озодии эҷодиётМувофиқи Моддаи 42-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии эҷодиёти бадеӣ, илмӣ, техникӣ ва дастовардҳои онҳо кафолат дода мешавад. Давлат илм, фарҳанг, адаб, санъат ва техникаро ҳимоя мекунад.Ин муқаррарот заминаи ҳуқуқии устуворро барои фаъолияти олимон, пажӯҳишгоҳҳо, академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ фароҳам меорад, то онҳо бе маҳдудият ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда, рушди инноватсияро таъмин кунанд.

3. Нақши Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории соҳавӣДар асоси Конститутсия як зумра қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаҳои илму маориф қабул карда шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва дигар санадҳои зерқонунӣ маҳз бо такя ба принсипҳои конститутсионӣ амалӣ мегарданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳаи маорифро муайян мекунад. Маориф дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок эълон шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» принсипҳои асосии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти илмию техникӣ ва сиёсати давлатиро дар ин самт муайян намуда, дастгирии рушди илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ва амалиро таъмин менамояд. Дар он вазифаҳои субъектҳои фаъолияти илмӣ амиқ муайян карда шудааст. Ҳадафи ин Қонун истифодаи самараноки иқтидори илмию техникӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ қарор гирифтааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» муносибатҳои байни олимон, муассисаҳои илмӣ ва давлатро танзим карда, чанд масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад. Ин пеш аз ҳама, афзалиятҳои илмӣ мебошад, ки тибқи он давлат рушди илмро ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар эътироф намуда, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмиро муайян мекунад (ба амсоли энергетика, амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръат ва рақамикунонӣ).Баъдан, Қонуни мавсуф субъектҳои фаъолияти илмӣиро мушаххас менамояд, ки ба онҳо олимон, муҳаққиқон, аспирантону докторантҳо, инчунин академияҳои илмҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд.Дар Қонун дастгирии давлатии олимон кафолат дода шудааст. Бино ба он унвонҳои илмӣ (номзади илм, доктор аз рӯи ихтисос – PhD, доктори илм) ва унвонҳои академиявӣ (дотсент, профессор, узви вобаста ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ) муқаррар карда шуда, пардохти иловапулиҳо барои дараҷаҳои илмӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.Қонун интегратсияи илм ва истеҳсолотро низ махсус муҳим муқаррар менамояд: яке аз вазифаҳои асосии он таҳкими робитаи байни муассисаҳои илмӣ ва бахши воқеии иқтисодиёт (корхонаҳо, технологияҳои навин) мебошад, то дастовардҳои илмӣ дар онҷо, дар амалия татбиқ шаванд.Ҳамин тавр, Конститутсия кафили он аст, ки маориф ва илм ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ бо маблағгузорӣ ва дигар дастгириҳо таъмин карда шаванд.

4. Рушди зеҳнӣ ва тарбияи кадрҳоДар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва пешрафти рақамикунонӣ (технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ) ба амал омадааст, Конститутсия замина фароҳам меорад, ки ҷомеа ба сӯи инноватсия ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта қадам гузорад. Рушди илм дар навбати худ асоси пешрафти иқтисодӣ ва амнияти миллии кишвар мебошад, ки он низ дар Конститутсия ҳамчун ҳадафи стратегӣ ҳимоя мешавад.Ҳамин тавр, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқи инсонро ба илму омӯзиш эътироф мекунад, балки масъулияти давлатро дар назди шаҳрвандон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди зеҳнӣ ва илмӣ собит месозад. Ин кафолатҳо барои тарбияи насли соҳибкасб, бомаърият ва пешрафта заминаи мустаҳкам мегузоранд.Мушаххасан дар соҳаи илм ва маорифи кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосӣ қабул шудаанд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин самт танзим мекунанд. Чанде аз муҳимтарини онҳоро дар инҷо овардан ба мақсад мувофиқ аст.

1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тавре дар боло қайд шуд, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф, принсипҳои асосии таълиму тарбия, низоми таҳсилот, ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни раванди таълим (омӯзгорон, хонандагон, волидайн) ва масъулияти муассисаҳои таълимиро муайян мекунад.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пояи асосии ҳуқуқии фаъолияти низоми таълиму тарбия дар кишвар буда, чанде аз нуқтаҳои калидиро дар бар мегирад.Принсипҳои давлатии соҳаи маориф: Давлат бартарияти маорифро эътироф мекунад; таҳсил хусусияти дунявӣ дорад, баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани маълумот новобаста аз миллат, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ таъмин карда мешавад.Сохтори низоми таҳсилот: Қонун зинаҳои гуногуни таҳсилро муайян мекунад:таҳсилоти томактабӣ (кӯдакистонҳо);таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, асосӣ ва миёна);таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти калонсолон.

Қонуни мавсуф ҳуқуқ, вазифаҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии кормандони соҳаи маорифро муқаррар мекунад, то мақом ва обрӯи омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.Дар қонуни болозикр ӯҳдадориҳои шаҳрвандон, ба амсоли: таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1–9) дар Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад ва падару модар (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) уҳдадоранд, ки барои гирифтани ин таҳсил аз ҷониби фарзандон шароит фароҳам оранд, муқаррар карда шудааст.Баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» фаъолияти донишгоҳҳо, академияҳо, институтҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогиро (докторантура, аспирантура) ба танзим медарорад.Бояд зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи маорифу таҳсилот нақши муҳим бозида, масъулияти падару модар, омӯзгорон ва ҷомеаро дар таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон муқаррар мекунад.

2. Стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ. Ғайр аз қонунҳо дар соҳаи илму маориф ҳуҷҷатҳои барномавӣ низ мавҷуданд, ки рушди онҳоро муайян мекунанд. Инак, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои давраҳои муайян қабул карда мешавад ва ҳадафҳои асосии модернизатсияи таълимро пешбинӣ мекунад, ҳадафҳои кутоҳмуддату миёнамуддатро пайгирӣ менамояд.«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020–2030) таҳкими омӯзиши фанҳои бунёдиро дар маркази таваҷҷӯҳи давлат қарор медиҳад.Дар шароити муосир, ки ҷаҳон, ҷомеа, тамаддун босуръат тағйир меёбад ва бо худ чолишҳои навро меорад, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пояи рушди илму маориф боз ҳам бештар аҳамият пайдо мекунад. Дар ин росто, чанд нукта – вокуниш ба чолишҳои мубрамтарини давр ҷолиби қайд аст.

1. Гузариш ба иқтисодиёти донишманд ва рақамикунонӣАсри XXI асри технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, автоматикунонӣ ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта аст. Аз ин рӯ, нақши Конститутсия баръало эҳсос мегардад. Меъёрҳои конститутсионӣ оид ба озодии эҷодиёти илмӣ ва ҳимояи давлатии илму техника (Моддаи 42) заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд, ки низоми маориф ва илми кишвар ба талаботи замони рақамӣ мутобиқ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар кишвар барномаҳои рушди фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсияҳо босуръат амалӣ гарданд.

2. Таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи тафаккури солим дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия).Равандҳои глобализатсия ва тақвияту рушди босуръати иттилоот (аз ҷумла хабарҳои ғаразнок, зараровар) ба шуури насли наврас ва арзишҳои миллӣ бетаъсир намемонад. Ин чолиши хело фарогир ва таҳдидафзо буда, айни замон мубориза алайҳи он яке аз ҳадафҳои таъмини амнияти миллии кулли давлатҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.Дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст(Моддаи 1). Маҳз таҳсили сифатнок ва илмии бунёдӣ, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд, сипари маънавӣ ва ҳуқуқии шаҳрванд шуда, ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки тафаккури сиёсӣ, интиқодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии худро баланд бардоранд. Маҳз дониши комил, дунявӣ ва муосир имконият медиҳад, ки дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ шаҳрванд иттилооти заруриро пайдо ва истифода намуда, ахбору маълумоти ғаразнокро бишиносад ва онро ботил намуда, амнияти иттилоотии худ, ҷомеа ва давлатро тақвият бидиҳад.3. Омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнати байналмилалӣТағйирёбии сохтори бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва пайдо шудани касбҳои нав, ки тахассуси баланду муосирро талаб мекунанд, чолиши муассир аст.

Дар ин росто, нақши Конститутсия, ки кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба таҳсилро (Моддаи 41) дода, вазифаи давлатро дар назди ҷомеа васеътар мекунад, ифода меёбад. Ба замми ин, Конститутсия на танҳо фароҳам овардани шароити умумии таълим, рушди таҳсилоти касбии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро металабад, балки барои тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.4. Мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастовардҳои илмӣ.Мушкилоти глобалии экологӣ ва иқлимӣ, ки имрӯз ба ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон (тавассути обшавии пиряхҳо, тахриби захоири об, ҳаводиси хавофари табиӣ–геологӣ ва амсоли онҳо) таъсир мерасонанд, ба рушди иҷтимоӣ–иқтисодии давлат монеаҳои гуногун эҷод мекунад.

Бо назардошти ин, рушди илми ватанӣ, ки таҳти ҳимояи Конститутсия қарор дорад, имрӯз бояд ба ҳалли масъалаҳои амали мубрами рӯз, аз қабили истифодаи “энергияи сабз”, технологияҳои муосир, пешгирии тахриби пиряхҳо, аксуламал ҷиҳати коҳиши таъсири тағйироти иқлим ба соҳаҳои калиди хоҷагии халқи кишвар, рушди устувор нигаронида шавад. Илм ва маориф боля ҳамчун воситаи асосии пешгирӣ ва ё вокуниши воқеӣ ба ин чолишҳо баромад кунанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуҷҷати тақдирсоз будан, инчунин санади фавқулодда муҳимест, ки дар шароити чолишҳои муосир имкон медиҳад низоми илму маориф пайваста таҷдид шуда, ҷомеаро ба сӯи рушди устувор, инноватсия ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳидоят кунад.

Ниёзӣ Ансор Соҳибзода, дотсенти факултети геология