КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСОИЛИ МУБРАМИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИНТАҚАҲОИ ҲАМСАРҲАДИ ОН”

7

Санаи 23.10.2026 дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ДМТ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, бо ташаббуси кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масоили мубрами геологии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамсарҳади он” бахшида ба «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025-2030)» баргузор гардид.

Дар бахши ифтитоҳи конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникии Раёсати илми Донишгоҳ Абдуллозода Равшан Амирхон инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳа, ташкилоту муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок ва дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон барои ташаккул ва рушди низоми миллии илм, маориф, иқтисодиёт ва саноат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо таваҷҷуҳ ба рушди устувори кишвар ва таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ, масъалаҳои омӯзиши захираҳои табиӣ, такмили корҳои таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ аҳамияти хосса пайдо намуданд.

Дар ин раванд, сиёсати давлат дар самти рушди илм, технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои пешрафти соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла геология, нақши муҳим дорад.Геология яке аз соҳаҳои калидии илмҳои табиатшиносӣ ва заминаи муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин соҳа ба омӯзиши сохти геологии Замин, пайдоиш ва паҳншавии канданиҳои фоиданок, хусусиятҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, равандҳои геодинамикӣ ва қонуниятҳои ташаккули захираҳои табиӣ машғул буда, дар муайян намудани имкониятҳои захиравии кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии хос, релефи мураккаби кӯҳӣ ва сохтори гуногунҷанбаи геологӣ дорои имкониятҳои назарраси захиравии табиӣ мебошад. Захираҳои маъданӣ, металлҳои ранга ва нодир, металлҳои қиматбаҳо, ашёи хоми саноатӣ, сангҳои ороишию қиматбаҳо ва захираҳои обҳои зеризаминӣ аз ҷумлаи сарватҳое мебошанд, ки омӯзиши илмӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонанд ба рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат мусоидат намоянд.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии илми геология дар марҳилаи муосир аз гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, такмили усулҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, арзёбии захираҳо, муайян намудани имкониятҳои истифодаи саноатии онҳо ва таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ иборат мебошад.Дар баробари пешрафти технология, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи геология низ яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Тақвияти робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалӣ ва рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ барои ташаккули насли нави мутахассисони рақобатпазир аҳамияти калон дорад.

Бо дарназардошти хусусияти фаромарзии як қатор масъалаҳои геологӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои минтақа низ муҳим мебошад. Мубодилаи таҷриба, истифодаи муштараки натиҷаҳои таҳқиқот, ҳамоҳангсозии барномаҳои илмӣ ва таҳияи усулҳои муштараки омӯзиши равандҳои геологӣ метавонанд ба баланд бардоштани сифати таҳқиқот ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа мусоидат намоянд.

Дар ин замина, конференсияи илмӣ-амалии имрӯза ҳамчун майдони муҳими табодули афкор, пешниҳоди натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ ва муайян намудани самтҳои ояндадори рушди илми геология аҳамияти хосса дорад.Интизор меравад, ки дар рафти конференсия масъалаҳои мубрами омӯзиши сохтори геологии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамсарҳади он, ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, истифодаи технологияҳои муосир дар корҳои геологӣ, арзёбии хатарҳои геологӣ, ҳифзи муҳити зист ва такмили ҳамкориҳои илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Ҳадафи асосии конференсия муттаҳид намудани неруи илмӣ ва касбии муҳаққиқону мутахассисон, баррасии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, муайян намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами геологӣ ва таҳияи пешниҳодҳои илман асоснок барои рушди минбаъдаи соҳа мебошад.