Аз 28 август то 9 сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Бошқиртистони Федератсияи Россия IV Чемпионати байналмилалии геологии «ГеоВызов» баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 донишҷӯ ва мутахассиси ҷавон дар ҳайати 40 даста аз Федератсияи Россия ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дастаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳайати 5 нафар донишҷӯёни фаъол ва як устод дар чемпионат намояндагӣ карданд.
Иштирокчиён дар 12 самти геологӣ, аз ҷумла харитасозии геологӣ, гидрогеология, намунагирии шлихӣ, радиометрия, минералогия, петрография, палеонтология, геохимия, кристаллография ва геологияи нафту газ маҳорати назариявию амалии худро санҷиданд.
Ҳамчунин онҳо дар мастер-классҳо оид ба геохимияи саҳроӣ ва истифодаи низоми рақамии Sherpa иштирок намуданд.
Дар доираи чемпионат мусобиқаи варзишии «ГОНКА ГЕРОЙОВ» низ баргузор гардида, дастаи ДМТ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар рафти чорабинӣ барои донишҷӯёни фаъол имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳои геологию кӯҳкории Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, инчунин густариши ҳамкориҳои академӣ ва илмии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ фароҳам омад.
Иштироки дастаи факултети геологияи ДМТ дар ин чорабинии байналмилалӣ барои баланд бардоштани малакаҳои амалии донишҷӯён, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои байналмилалии факултети геология заминаи мусоид фароҳам меоварад.





















