БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲ ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

10

Санаи 28.10.2026. бо ташаббуси факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои бандҳои 1.5-и дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи АМИТ, профессор Насриддинзода Э.С., бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳҳои № 6 ва № 8-и Донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён чорабинии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид.

Чорабиниро декани факултети геология, н.и.и., дотсент Бахтиёр Холзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ аҳамияти Конститутсия дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъкид гардид.

Сипас, Каримӣ Сироҷиддин — муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва намояндаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуданд.Зимни маърӯза марҳилаҳои муҳими таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои таърихии ташаккули низоми конститутсионии кишвар ва нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба шумор рафта, барои муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ҳамзамон, маърӯзачӣ ба аҳамияти омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба таърихи миллат, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва саҳми насли ҷавон дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони факултет низ доир ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, риояи интизоми донишҷӯӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои таҳсил ва нақши донишандӯзӣ дар ташаккули мутахассисони соҳибмаърифат ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки донишҷӯён ҳамчун неруи зеҳнӣ ва ояндаи кишвар бояд бо омӯзиши пайвастаи илмҳои муосир, азхудкунии донишҳои касбӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Чорабинии мазкур дар фазои созанда ва маърифатпарварона баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии донишҷӯён, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи Ватану миллат ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвияти корҳои таълиму тарбиявӣ дар хобгоҳҳои донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.

Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос ва таҳкими арзишҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад