ҶАВОНОН ВА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

128

Зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободию пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонони даврони соҳибистиқлол дар рушду инкишофи давлат ҳамчун неруи созанда ва дар пешрафти ҷомеа нақши бузург доранд. Ҷавонони мамлакат дар ҳама соҳаҳо такягоҳи асосии давлат мебошанд. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, мақсади асоси он ин беҳбудии ҳаёти мо – ҷавонон ба хотири ояндаи некӣ ва ободию сарсабзгардонии Тоҷикистон мебошад.

Зуҳури терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва дунё омили хонавайронии ҳазорон нафар ва ба муҳоҷирату паноҳҷӯӣ пайвастани чандин нафари дигар шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иқдоми саривақтӣ буда, ба хусус дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин ташаббуси одилона худ таҷрибаи нав ва иқдоми неке барои таъмини амният ва осоиши минтақавӣ баҳри 70 милиён нафар сокинони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст. Ва ин қадами устувор ва муносибати оштинопазири кишвари мост дар роҳи мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир. Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон дар таърихи начандон тӯлонии давлатдории миллӣ ташаббускори силсилаи масоили калидии ҷаҳон буд ва муборизаи дастҷамъӣ ва бидуни сиёсати меъёрҳои дугона бар зидди терроризм ҳам дар ин радиф аз пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон аст.

Ҷомеаи ҷаҳон ҳамеша ба ҳарфи мо гуш додааст ва дар масъалаи мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ низ пешниҳоди моро дастгирӣ мекунанд. Зеро мо таҷрибаи решакан намудани зуҳури созмону ташкилоти тахрибкор, ҷудоиандозу ифротгароро дорем.

Ба ибораи дигар миллати тоҷик чеҳраи терроризмро ба хубӣ шинохтааст! Давлату миллати тоҷик ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд, зери роҳбарии хирадмандона, сиёсати одилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини сулҳи сартосарӣ, ваҳдати комил ва ҳифзи якпорчагии кишвар талош кард. Натиҷа маълум ва барои имрӯзиён саъю талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарории сулҳ, таъмини амнияти миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ таҷрибаи нодиру омӯзанда аст. Муттаасифона, дар зарфи 20 соли охир авзои ҷаҳон якбора мураккаб гардида, гӯшаҳои даргир дар курраи Замин шуданд. Бар хилофи қатъномаҳои зиддиҷангии созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ва дахолати ошкоро ба сиёсати дохилии давлатҳо.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода дастаҷамъона бар зиди ин амали ниҳоят ба ҷомеа хавфнок мубориза барем. Чуноне Пешвои миллат доимо таҳкид менамоянд: Тоҷикистон ватани азизамонро мо худамон обод менамоем, ягон халқу ватан дар фикри ободии мо нест!

НИЁЗОВ О.Ҳ. – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ

САФАРОВ Л.Ҷ. – муовини декан оид бакорҳои тарбиявии факултети геологияи ДМТ