ВОХӮРИИ СУДМАНД БО БОШАНДАГОНИ ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲ

39

Дар асоси нақша чорабиниҳои ДМТ вобаста ба тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, донишомӯзиву хониши намунавӣ, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ рӯзи 07.10.2024 дар хобгоҳи №8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодони ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ бо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зисту зиндагонӣ мекунанд баргузор гардид.

Зимни суханронӣ масъулин вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиши илмҳои замонавӣ, рафтору гуфтори намунавӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон ин таҳсили аъло ва рафтори шоиста дар миёни ҷомеа мебошад.Илова бар ин аз донишҷӯён талаб карда шуд, ки дар доираи низомномаи Донишгоҳ ва қонунҳои амалкунанда рафтор намоянд ва аз оворагардиву ҳар гуна кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок худдорӣ намоянд.

Дар охир масъулин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он сухан гуфтанд.

Возможно, это изображение 2 человека
Возможно, это изображение 3 человека и люди учатся
Возможно, это изображение 5 человек
Возможно, это изображение 13 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 2 человека и люди учатся
Возможно, это изображение 2 человека и люди учатся