ВАҲДАТИ МИЛЛИ-ТАҶАССУМГАРИ СУЛҲУ ОРОМӢ

105

Ваҳдат ин беҳтарин неъмат, наҷоти миллат, рушди тоҷикистон, хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст.Танҳо бо роҳи вахдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Чихеле ки, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, ӯ медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».Чунин гуфтаҳои Пешвои миллат, яъне он дарахтро ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷику тоҷикистониён фахр менамоем.Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҷиҳати сиёсӣ ва ҷиҳати фарҳангӣ низ пеш меравад.Маҳз бо кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонро сарҷамъ овард ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.Хулоса, мо халқи сарбаланди тоҷик бояд аз он ифтихор кунем, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу оромиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, ба қадри ҳамаи кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва онро ҳифз намоем.

Сафаров Л.Ҷ –муовини декан оид ба коҳои тарбияии факултети геологияи ДМТ
Аламхонова А.А. Раиси Шурои занони факултети геологияи ДМТ.