Имрӯз (14.06.2023) бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар факултети геологияи ДМТ семинари илмӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ — омили рушди ҷомеа” баргузор гардид.Сараввал декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. меҳмононро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуданд.Дар семинари илмӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш. Душанбе Шамсов Сайдалӣ Сафарович ва Директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов Ҷамолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамадунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.Ҳамчунин қайд карда шуд, ки таърихи ҳар як миллат дорои саҳифаҳои сабақомӯз, хотирмон ва арзишҳои волоест, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Ин саҳифаи таърихӣ фаромушнашаванда ва хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо шарофати талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.Дар анҷоми семинари илмӣ аз шароитҳои фароҳамовардаи имрӯзаи давлату ҳукумат ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи Тоҷикистон ёдоварӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрвандро зарур аст нисбат ба ин арзиши ояндасози миллату давлат эҳтироми хосса дошта бошанд.