ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

4

Тарбияи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир буда, асоси устувории давлат, иттиҳоди мардум ва рушди ҷомеа мебошад. Ватандӯстӣ маънои эҳтиром, муҳаббат ва садоқат ба Ватанро дорад. Он ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки таъриху фарҳанг, забон ва арзишҳои миллиро ҳифз намуда, масъулияти худро дар назди миллат дарк кунанд.Ватандӯстӣ танҳо эҳсоси оддӣ нест, балки як маҷмӯи хислатҳои ахлоқиву иҷтимоӣ мебошад, ки инсонро ба Ватани худ вобаста мекунад. Ватандӯстӣ, насли ҷавонро ба хислатҳои нек, мисли эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, роҳнамоӣ мекунад.Тарбияи ватандӯстӣ аз оила оғоз меёбад. Волидон бояд дар дили кӯдакон муҳаббат ба Ватанро бо нишон додани намунаи шахсӣ бедор кунанд. Ҳамчунин, мактаб дар ташаккули ватандӯстӣ нақши калидӣ мебозад. Омӯзгорон бояд тавассути таълим ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, маърифати ватандӯстии хонандагонро боло бардоранд.Донистани таърихи Ватан, қаҳрамонони миллӣ ва фарҳанги бойи он дар ташаккули ватандӯстӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, дидани маконҳои таърихӣ ва муқаддаси Ватан ҳисси ифтихорро бедор мекунад.Иштирок дар ҷашнҳои миллӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҳисси ягонагӣ ва ифтихор аз миллатро меафзояд.Тарбияи ватандӯстӣ барои таҳкими асосҳои миллӣ ва рушду пешрафти ҳар як кишвар зарур аст. Ҷомеае, ки дар он ватандӯстӣ мавқеи баланд дорад, устувор ва муттаҳид мемонад. Маҳз тавассути тарбияи дуруст мо метавонем насли ҷавонро ба шахсиятҳои масъулиятшинос ва сарбаланд табдил диҳем, ки ояндаи миллатро равшан месозанд.Тарбияи ватандӯстии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, зеро ҷавонон ояндаи миллат ва давлатро ташаккул медиҳанд. Дар ҷаҳони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат пеш меравад, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ миёни насли ҷавон аҳамияти зиёд касб мекунад.Чорабиниҳо, озмунҳо, вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруф ва қаҳрамонони миллат метавонанд ҳисси ватандӯстиро дар ҷавонон таҳким бахшанд.Тарбияи ватандӯстӣ дар ҷавонон вазифаи умумии ҷомеа аст. Мактаб, оила, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд якҷо амал кунанд, то ҷавонон ба шахсиятҳои ватандӯст ва масъулиятшинос табдил ёбанд. Танҳо бо ҷавонони ватандӯст метавонем истиқлолиятро ҳифз намоем ва рушди устувори давлатро таъмин кунем.

ЧОРИЗОДА МУҲАММАДАЛӢ – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси геология, ҷустучӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, аъзои маҳфили “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”, гирандаи степендияи аъло ва Раиси созмони ҷавонони факултети геологияи ДМТ