ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ АЗ ҚАБУЛИ ИҶЛОСИЯ

81

Рӯзи (20.11.2023) дар факултет мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои тарбиявии кафедраи гидрогеолгия ва геологияи муҳандисӣ, аз ҷониби дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ н.и.т., дотсент Ғайратов М.Т. дарси тарбиявӣ оид ба 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ таҳти мавзуи “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ, иҷлосияи тақдирсоз” барои донишҷӯёни курсҳои 2-юми ихтисоси 51010110-гидрология ва пиряхшиносӣ, 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ баргузор гардид. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки ба 9 сентябри соли 1991 рост меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои сахту сангинро миллати тоҷик пушти сар кардааст. Миллати тоҷик дар баробари ин ҳама мушкилотҳо бо ин ҳама сахтӣ ва руҳи шикастнопазири роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасдовардҳои бузурги таърихи ноил гардидааст. Яке аз ин дастоварди муҳимтарин ва тақдирсози он дар таърихи нави давлатдории миллӣ ин иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (давлати дувоздаҳум) баҳисоб меравад, ки ҷаласаи он дар шароити басо душвори иҷтисмоию сиёсӣ баргузор гардида буд. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик аз 31-умин солгарди ин иҷлосияи тақдирсоз дар фазои сулҳу суботи сартосари истиқбол мегирад. Воқеан ҳам ин иҷлосия барои миллати мо тақдирсоз аст. Бо хиради азалии миллати тоҷик роҳбареро интихоб намуданд, ки маъулияти баланди таърихии миллати тоҷикро дар назди ҳар як сокини Тоҷикистон бар души худ гирифт. Давлатро аз парокандаги наҷот дода ба ҷанги шарвандии таҳмили нуқта гузошт. Дар зарфи 32-соли истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷикро дар саросари ҷаҳон муаррифи намуда ташаббусҳои умумибашариро ба ҷаҳониён исбот намуд таъкид шуд дар дарси тарбиявии устод Ғайратов М.Т. Дар охир марҳилаҳои ба дастовардани истиқлолияти давалатӣ ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба донишҷӯён фаҳмонид.

Возможно, это изображение 6 человек, люди учатся, карта и отдел новостей
Возможно, это изображение 14 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 11 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 12 человек и люди учатся