ТАДБИҚШАВИИ ДАРСИ АМАЛӢ

163

Имрӯз (25.10.2023) дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ донишҷӯёни ихтисоси 51010103-гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ корҳои амалӣ аз фанни “Иншоотҳои муҳандисӣ”, ки дар мувофиқаи Раёсати ДМТ ва Дирексияи сохтумони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази навбунёди саломатии Шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни гузаронидани корҳои амалӣ маълум гардид, ки хоки зербинои сохташаванда барои сохтани иншооти мазкур пурра мутобиқат мекунад.

Ҳамчунин лозим ба ёдовари аст, ки зичии хоки зербино бояд тибқи лоиҳа то 2.10 т./м3 баробар бошад. Ҳангоми гузаронидани санҷиш аз чоҳбуни (котлавана) Маркази саломатии Шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълум шуд, ки зичии хоки чоҳбун (котлавана) ба 2,06 т./м3, 2,04 т./м3, 2,03 т./м3 баробар аст, аз ин рӯ Пудратчиро лозим аст, ки боз як бори дигар чобунро обзада шибба намояд ва баъдан натиҷаи такрори гирифта шавад.