Аз 1 то 14 июни соли 2026 донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии омӯзгорони факултет дар минтақаҳои гуногуни деҳаи Зеддии ноҳияи Варзоб таҷрибаомӯзии таълимӣ-саҳроиро аз фанҳои «Геологияи умумӣ», «Геологияи сохторӣ ва харитакашии геологӣ» ва «Амалиёти маркшейдерӣ» баргузор намуданд.
Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён хусусиятҳои геологии минтақаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Яхрӯд, дараи Сангғалт ва дигар мавзеъҳои муҳимро мавриди таҳқиқ қарор дода, бо падидаҳои асосии геодинамикӣ ва равандҳои ташаккули релеф аз наздик шинос шуданд. Ба омӯзиши фаъолияти геологии пиряхҳо, нақши онҳо дар ташаккули шаклҳои гуногуни релеф, равандҳои эрозионӣ ва аккумулятивӣ, инчунин механизмҳои пайдоиш ва инкишофи ҷинсҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон донишҷӯён равандҳои фаъолияти геологии дарёҳо, намудҳои гуногуни фарсоиши қишрӣ, карстпайдошавӣ, селпайдошавӣ ва дигар равандҳои геодинамикии гравитатсиониро дар шароити табиӣ омӯхтанд. Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ онҳо бо таркиби литологӣ ва хусусиятҳои физикию механикии ҷинсҳои кӯҳӣ, сохтори геологии минтақа, шароити хобиши қабатҳои таҳшинӣ ва хусусиятҳои стратиграфии онҳо шинос шуданд.
Муайян карда шуд, ки таҳшинҳои минтақа ба давраҳои табошир, палеоген, неоген ва чорум мансуб буда, аз нуқтаи назари омӯзиши таърихи геологии ҳудуд аҳаммияти калон доранд.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ барои таҳкими донишҳои назариявӣ, ташаккули малакаҳои амалии корҳои саҳроӣ, азхудкунии усулҳои мушоҳида ва таҳқиқоти геологӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён нақши муҳим бозида, заминаи мусоид барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи геология фароҳам овард.



















































