Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ганҷҳо ва табиати нотакрораш яке аз гӯшаҳои хушманзараи сайёраи заминро мемонад. Чун ба табиати ин сарзамин ворид мешавӣ бӯйи гулу райҳон, хониши булбулу садои дилнишини шаршараҳои кӯҳӣ, чашмаҳои зулоли рӯҳбахш, воҳидҳову пайраҳаҳои пурпечу нишебиҳои сарсабзу хуррам, қуллаҳои тези осмонбӯс, конҳои кандании фоиданок, обҳои зеризаминӣ, обҳои софи ҷоришавандаи аз нигоҳи экологӣ тоза, дарёҳои пуртуғён, пиряхҳои кӯҳӣ, барфҳои доимӣ ва дигар сарватҳои зеризаминию рӯйизаминиро дар худ нигоҳ доштааст. Дарёҳое, ки аз ин кишвар ҷорӣ мешаванд, манбаъҳои барқароршавандаи табиат ба ҳисоб рафта, аз он неруи барқ истеҳсол карда мешавад, ки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ боло бурдааст. Дар воқеъ, табиати Тоҷикистон афсунгар аст, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Кишвари мо дорои ганҷинаҳои табиии фаровон буда, дар ҷараёни инкишофи олами зинда ва ғайризинда, байни олами набототу ҳайвонот чунон робитаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки олимон ва муҳаққиқон, таҳқиқотчиёни дохилию хориҷи кишварро барои дарку мушоҳидаҳои он ангӯшти ҳайрат мегазанд.
Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои географие ҷойгир шудааст, ки қисми зиёди масоҳаташро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Ин кӯҳҳои сарбафалаккашида ҳамвориҳо ва гирду атроф дар иҳотаи худ гирифтаанд.
Яке аз захираҳои оби ширин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пиряхҳо рӯду дарёҳои сершумор буда, захираҳои оби пиряхҳои бузург ба водиҳои зархез ва табиати нотакрор ҷорӣ шуда дарёҳоро сероб мегардонад.
Сохти геологии мураккаб, конҳои кандании фоиданок, бардошташавию тараққиёти шиддатнокии водиҳо бо релефи гуногун, обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳои минералию муҷассамаҳои дар ҷараёни гузариши равандҳои геологӣ ба таври табиӣ, ки бидуни ирода ва дасти инсоният ба вуҷуд омадаанд, сарзамини Тоҷикистонро ба манзараҳои дилфиреб мубаддал гардонидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки дар зарфи 35-соли истиқлолияти давлати дар кишавр конференсияҳою форумҳои байналмилали вобаста ба обу иқлим баргузор гардида аст.
Барои амали намудани ҳадафҳои рушди устувори СММ ва пайдо намудани роҳҳои нав ин форумҳои ҷаҳонии об ва конференсияву симпозиумҳо, эълони даҳсолаҳои масъалаҳои обӣ дар тамоми ҷаҳон саҳми бисёр арзишманд гузоштааст. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа ва тағйирёбии иқлим, ки ба раванди обшавии пиряхҳо манбаи асосии об таъсири манфӣ мерасонад, сол аз сол мубрам ва боиси нигаронӣ гардида истодааст. Мувофиқи арзёбию таҳлилҳои мавҷуда, то соли 2030 таъминот бо об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди ниҳоиву хатарноки худ аз 1,7 ҳазор метрии муккааб дар як сол мерасад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо эълони Соли 2003 соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ва Даҳсолаи дуюми байналмиллалии «Об ба хотири рушди уствор» (солҳои 2018-2028), соли 2025–соли ҳифзи пиряхҳо, баргузор намудани конференсия вобаста ба ҳифзи пиряхҳо гувоҳи ин ва самараи истиқлолияти давлати ба ҳисоб меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои ба ин мушкилот рў ба рў гашта ин иқдомҳои кишвари моро дастгирӣ намуда аз натиҷаҳои он қаноатманд ва аз Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд. Раванди тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин раванди глобалии замони муосир ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сайёраи Замин таъсири худро расонидааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдодҳои хотирмоне ба вуқӯъ пайвастанд, ки мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи аҳолии кишвар гардид ва бо муҳимияти таърихияш ҳамчун санаи сарнавиштсоз барои муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи СММ фармўшнашаванда сабти ном шуд. Ин сана вобаста ба вазъияти тағйирёбии ҷаҳон қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии СММ оид ба эълони гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.
Ин санаи нав дар замони 35 соли истиқлолияти давлатии комил, дар марҳилаҳои давлатдориву давлатсозӣ, сохтани эъмори идеологияи миллӣ, бетараф набуда дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти обу иқлим ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ҳамаи ин воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нўшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст, ки 98%-и неруи барқ аз об истеҳсол карда мешавад.
Аз рўйи таҳлилҳо маълум аст, ки ҳамаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар ин шабу рўз аз техникаю технологияи пешрафта ва муосир истифода бурда, эҳтиёҷоти худ ва мамлакаташонро аз ҷиҳати иқтисодӣ миёни дигар кишварҳо мустаҳкамтар менамоянд. Аммо бо фаъолияти техногенӣ ба табиат ва муҳити атроф (муҳити экологӣ) зарари ҷиддӣ мерасонанд. Натиҷаи чунин фаъолият нишон медиҳад, ки ҳамасола дар сайёраи Замин миллионҳо гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мемонад ва ба шўразор табдил ёфтаанд. Таъсири чунин фаъолият ба ин ё он минтақа расидааст, барои мисол баҳри Арал, ки ба биёбон табдил ёфта истодааст. Мисоли одии гуфтаҳои боло ин истифодаи самаранок аз ҳамаи ин меъёрҳо захираҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои поёноб бо аз худ намудани майдонҳои нави кишт ва истифодаи зиёди обмонӣ баҳри Арал дар даҳсолаҳои охир даҳҳо маротиба аз майдони аслии худ хурд гардидааст. Дар ин ҷо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба инкишофи устувори ҳавзаи баҳри Арал, сентябри соли 1995, ш. Нуқус баргузоргардидаро овардан хело ба маврид аст «… Дар ҷараёни мобайнӣ ва поёнии роҳҳои асосии обии Осиёи Марказӣ кадом чорабиниҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ гузаронида намешавад, ба ақидаи комили мо муаммои аз кӯчаи сарбастаи экологӣ баровардани минтақаи Аралро бе ҳалли қатъии масъалаи ободони дар саргаҳҳои дарёҳои Аму ва Сир, хусусан дар ҷумҳурии мо ҳал кардан муяссар намешавад».
Дар асоси маълумотҳои бисёрсола муқаррар гардидааст, ки иқлим тадриҷан тағйир ёфта истодааст. Дар вақтҳои охир таъсири фаъолияти инсон ба иқлим торафт зиёд шуда, ин ба он оварда расонидааст, ки дар атмосфера миқдори гази карбон ва чанг чанд маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳоло олимон ҷидду ҷаҳд доранд, ки тағйироти барои инсоният номатлуби иқлимро бо ҳар роҳ махсусан кам кардани партовҳои гази карбон СО2, газҳои гулхонаӣ ва ба таври безарар коркард намудани маҳсулотҳои сохтмонӣ пешгирӣ намоянд.
Тибқи таҳлилҳо пиряхҳо дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир зиёда аз сеяки ҳаҷми худро аз даст доданд. Мувофиқи маълумотҳои ҷойдошта дар солҳои 60-уми асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳои зиёд мавҷуд буданд, вале бинобар дигаргун шудани иқлим қисми зиёдашон аз байн рафтанд.
Ҳаҷми пиряхҳои мавҷудбудаи Тоҷикистон ба 845 км3 баробар буда, масоҳаташон 6-8% ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад. Вале, тибқи маълумоти охирони ҳавосанҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи чорчўбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, масоҳати пиряхҳо то 8,5км2 коҳиш ёфтааст. Имрўз мувофиқи арзёбиҳои гуногун дар пиряхҳои Тоҷикистон 550 км3 об мавҷуд аст.
Пиряхҳо–ин обанбори ба худ хос мебошад, ки зимистон обро нигоҳ дошта, тобистон масраф менамоянд. Онҳо дар ташаккулёбии оби дарёҳо, алалхусус дар он ноҳияҳои арзҳои миёна ва субтропикӣ, ки қаторкўҳҳои баланди пиряхпўш бо ҳамвориҳои иқлимаш хушк ҳамҳудуданд, нақши муҳим мебозад (масалан, Осиёи Марказӣ). Ба шиддати обшавии пиряхҳо, дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим, то андозаи муайян ба хушкшавии баҳри Арал низ мусоидат намудааст. Ҳар сол милионҳо тонна чанг ва намакҳои қаъри баҳри хушкшуда тавассути вазиши бодҳои сахт ва тўфонҳо ба ҳаво бархеста, то масофаи дур паҳн мегардад.
Пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои возеҳу равшани тағйирёбии иқлим ва то як дараҷаи муайян, вокуниши муҳити табиии минтақаи ташаккулёбии об ба гармшавии глобалии сайёраи Замин мебошанд. Алҳол дар Осиёи Марказӣ масоҳати яхбаста бошиддат кам шуда истодааст, ки ин ба боло рафтани ҳарорат ва тағйирёбии боришот вобаста аст. Тағйирёбии масоҳатҳои яхбаста ва барфпўши минтақаи ташаккулёбии ҷараён ба реҷаи гидрологӣ ва дар маҷмуъ ба захираҳои об таъсири зиёд мерасонад. Пиряхҳо ва барфтўдаҳо, ки 25-30 % ҷараёни солонаи обро таъмин менамоянд, дар давраи нашъунамо то 50 % манбаи асосии ташаккули ҷараёни оби дарёҳо дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо назардошти нақши калидии об дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳои минтақа, давом ёфтани чунин раванд дар даҳсолаҳои наздиктарин метавонад ин давлатҳоро ба оқибатҳои боз ҳам шиддатноки норасогии оби нушокӣ дучор намояд. Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки беаҳмиятӣ нисбат ба истифодаи беназорати захираҳои табиӣ, аллалхусус захираҳои об мушкилотро ҷиддитару вазнинтар мегардонад. Пиряхҳои Тоҷикистон дар таъмин намудан ба об, инчунин бехатарии умумии давлатҳои минтақаро ба назар гирифта, 17 – уми декабри соли 2009 дар пойтахти Дания, ш. Копенгаген, дар вохўрии тарафҳо Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Фонди байналмилалии нигаҳдории пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.
Хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи ин пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми декабри соли 2022 қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Дар заминаи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид маълум карда шуд, ки соли 2025 пас аз оғози рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои қаблӣ рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқотҳои гузаронидашудаи экспедитсияҳо, корҳои илмию таҳқиқӣ, мониторинги доимӣ дар самти пиряхҳо, солона аз тамоми ҷаҳон, натиҷагирӣ карда шуда ба сатҳи ҷаҳониён пешниҳод карда мешавад.
Ҳолати имрӯзаи пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар соли 2025 таҳлил карда шуда, мушкилоти аҳолии сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ мушаххас карда мешавад. Барои пиряхҳои боқимонда роҳҳои ҳифзи онҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим пешниҳод карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки яке аз сабабҳои обшавии пиряхҳо ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво, инчунин тағйир ёфтани иқлим ин аз ҳисоби истеҳсоли газҳои гулхонаӣ мебошад.
Албатта таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳо кори осон набуда маблағи зиёдро талаб менамояд. Барои муйаян намудани ҳолати имрӯзаи пиряхҳо тавасути таҷҳизотҳои замони имрӯза яке аз мушкилотҳои актуалӣ ба ҳисоб рафта, ин мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология, ГИС-технология, гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи он дар шароити иқлим, гузаронидани экспедитсия, таҳқиқотҳои саҳроӣ, озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо, санитария ва ғайра аз Фонди таъсисдашудаи боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо маблағгузорӣ карда мешавад.
Барои боз ҳам фарогирии масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ дар ш.Душанбе соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд.
Албатта ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хуби аҳаммияти ин ташаббусҳоро дарк намуда, обшавӣ ва аз байн рафтани манбаъҳои оби тозаи нӯшокиро дар сайёра эҳсос менамояд ва дар оянда фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар қисматҳои бештари давлатҳо чораҷҳӣ менамояд.
Чун ба саҳнаи муколамаи обу иқлим табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидан ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шудааст ва дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои ин масъала пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат эълон карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон давлати пешоҳанг ва ташаббускор эътироф гардидааст, махсусан ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳа ба рӯзномаи обии СММ таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» шинохта шудааст.
Умедворем, ки бо ҷустуҷў намудани роҳҳои нав ва кам кардани газҳои партовӣ ба атмосфера, инчунин, бо тарзу усулҳои замонавӣ ба роҳ мондани истеҳсолот, сохтани силсиланеругоҳҳои хурду бузург то андозае метавонем дар паст кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ҳиссагузор бошем. Дар умум тағйирёбии иқлим раванди тезутунд шудани болоравии ҳарорати сайёра гардидааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар зарарро дар мисоли пиряҳҳо дида истодааст. Захираи оби таркиби пиряхҳо оҳиста-оҳиста об шуда рӯ ба камшавӣ майл дорад. Барои намии минтақаро нигоҳ доштан ва таъмини гирдгардиши об дар табиат системаи силсила неругоҳҳои обию барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии ДМТ, н.и.г.м., дотсент Давлатзода Ф.С.








