ИФТИХОРНОМАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

3

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бахтиёр Холзода Кишвар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ифтихорномаро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо тақдим намуданд.Ин қадршиносӣ нишони эътирофи фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоистаи устод дар самти илму маориф ва рушди соҳаи иқтисоди кӯҳӣ мебошад.

Аҳли кормандони факултет устодро ба ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон барору комёбӣ, саломатии комил, неруи тоза ва дастовардҳои нави илмӣ ва касбӣ орзу менамоянд.

Устоди гиромӣ, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!