РУШДИ ҲАМКОРИҲО ДАР ЗАМИНАИ ШАРТНОМАИ ДУҶОНИБА

144

Санаи 03.07.2023 садорати факултети геологияи ДМТ мувофиқи шартномати дуҷониба байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳии Федералии Ҷанубӣ дар шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия бо намояндагии аз ҷониби донишгоҳи номбаршуда, мудири кафедраи конҳои канданиҳои фоиданок, н.и.г.м., дотсент НАСТАВКИН АЛЕКСЕЙ ВАЛЕРЬЕВИЧ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ декани факултет, дотсент АНДАМОВ Р.Ш., инчунин, мудирони кафедраҳои марбути факултет иштирок доштанд. Зимни суҳбат ҷониби ДФҶ дар шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия якчанд масъалаҳоеро вобаста ба соҳаи геология, минералогия ва геохимия ба миён гузошта, аз ҳамкории дуҷониба миёни ин донишгоҳҳо ёдрас шуданд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо мулоқоти навбатиро саривақтӣ ҳисобида, якчанд пешниҳод дар самти рушди ҳамкориҳо манзур намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмон аз синфхонаҳои таълимии минералогия ва кристалография дидан намуданд.