“РОҒУН” — ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР

473

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод. Эмомалӣ РаҳмонТоҷикистонам чароғон мешавад, Манбаи нурӣ фаровон мешавад. Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо, Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. як гурӯҳ устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар наздик аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шиносоӣ пайдо намуда, аз ин иншооти аср дидан намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби наздик ба 60% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Дар ҳақиқат Истиқлолият имкон дод, ки мо дороии хешро соҳибӣ кунем. Онро ба нафъи халқу миллати хеш истифода намоем. Муҳимтар аз он мо тавонистем арзишҳои миллию фарҳангии худро аз нав эҳё намоем ва билохира тавонистем бо талошу кўшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати ватансоз ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Хушбахтона агрегати дуюми НБО-и “Роғун” ба кор дароварда шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик онро бо самимият ва ифтихор истиқбол гирифтанд. Боз бори дигар тоҷикистониён соҳибдавлату соҳибмулк буданашонро ба оламиён собит намуданд. Бо пайгирӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, баҳри ободонию созандагӣ ва гул-гулгулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистон аз ин ҳам бештар саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин неругоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни неруи барқ ягона соҳа пеш намеравад:Чун арсаи садоқату номуси миллат аст, Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.

Ниёзов О.Ҳ. – устоди факултети геологияи ДМТ.

Возможно, это изображение 4 человека