ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

185

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид. Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,

Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.

Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,

Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд имрӯзҳо барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад.Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ – ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!

Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,

К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Ниёзов О.Ҳ. муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ.
Сафаров Л.Ҷ. муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети геология ДМТ.