ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

241

Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим: «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо коллективи факултети геология мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки ҳайати устодон дар ин самт бояд тадбирҳои тозаеро рӯйи даст гиранд. Ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошанд ва тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд, то ки онҳо баҳри рушди устувор ва амалӣ гардидани иқдомоти навбатӣ самараи дилхоҳ диҳанд.

Муҳимтарин масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор гирифт, ин навишатни мақолаҳои илмӣ, ташкили семинар ва конфренсияҳои онлайнӣ, фаъол намудани сохторҳои ҷамъиятии факултет ва дарёфти истеъдодҳои нав буд, ки дар ин масъалаҳо мутасаддиён дастурҳои мушаххас гирифтанд. Дар индомаи суҳбат ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти коркарди сангҳои ороишӣ ва ҳамкорӣ бо Парки технологии донишгоҳ, инчунин, беҳтар намудани самти таҷрибаомӯзии донишҷуён пешниҳодҳои судманд намуданд. Гуфта шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши масъалаҳои гуногуни обу иқлим ва омода намудани мутахассисон дар ин самт талаботи замон аст.