Рӯзи 08.11.2024 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои олимони факултети геология бо иштироки коллективӣ устодон ва сардори Раёсати илми ДМТ Шоймардонов Сафаралӣ натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии устодони факултет дар соли 2024 аз ҷониби муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. ҳисобот дода шуд. Қайд карда шуд, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултети геология доир ба як самт, чор масоил ва чор мавзӯъ ба иҷро расонида шуд.
Дар факултет ҳамагӣ 36 корманди штатӣ фаъолият доранд, ки дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 36 нафар ширкат меварзанд, аз он ҷумла докторони илм, профессорон 5 нафар ва номзадони илм 21 нафарро ташкил менамоянд, микдори унвондорон 72.22%.Аз ҷониби устодони факултет, дар соли 2024 ҳамагӣ 96 корҳои илмию методӣ аз он ҷумла 3 монография, 2 китоби дарсӣ, 1 маколаи SCOPUS, 68 мақолаи илмӣ 11 фишурда ва 11 барномаҳои намунавии фанни инчунин баромадҳо дар конфронсҳои дараҷаҳои гуногун чоп карда шуда, ба табъ расонида шудааст.
Дар муҳокима сардори Раёсати илми донишгоҳ Шоймардонов Сафаралӣ, профессор Каримов Ф.Ҳ. ва дотсентон Зиёев Ҷ.Ш., Фозилов Ҷ.Н. баромад намуда ҳисоботи КИТ устодони факултет дар соли 2024 қаноатманд ҳисобиданд.