МУШКИЛОТИ ГЕОЛОГӢ ВА САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

294

Дар доираи амалишавии ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои нақшачорабиниҳои дар ин самт гузошташудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Бо ин мақсад имрӯз (15.02.2023) дар пояи кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» баргузор гардид.

Зимнан муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иброз дошт, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои илмиест, ки табодули андеша ва ақоиди пешқадами олимону муҳаққиқони соҳавиро дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат муттаҳид сохта, дар амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад.

Сипас, декани факултети геология, дотсент Раҷабалӣ Андамов суханронӣ намуда, зикр кард, ки таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

Дар ҳамоиш, ҳамзамон, профессори кафедраи минералогия ва петрография Ҳасанов А.Х., профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок Каримов Ф.Х., ходими пешбари Институти геология, сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологияи назди АМИТ Мавлони С.Р., дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника Ниёзов А.С. ва унвонҷӯи факултети геология Азимшоев М.М. вобаста ба мавзӯи конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити муосир таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгузор бошанд.