Масоили геологияи муҳандисӣ

787

Бо ташаббуси кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология дар мавзӯи «Масоили геологияи муҳандисӣ, геотоктоники Таҷикистон ва ҳудудҳои ҳамсарҳад» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба фаъолияти 70-солагии доктори илмҳои геологияю минералогия, профессор Тоҷибеков Мадатбек баргузор гардид. Дар конференсия меҳмонон аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ, Маркази илмӣ-тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии исломии Ҷумҳурии Афғонистон, Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В.Ламаносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон – қудрати саноатӣ ва иқтисоди кишвар, муайянкунии пайдоиши хелҳои асосии ярчҳо, паҳншавӣ ва шароити бавуҷудоии онҳо (Пастхамии Амударёи Боло), тавсифи стратиграфӣ ва микрофаунагии таҳшониҳои фамен ва турнейи куҳҳои Юра (ҳавзаи дарёи Киштут, қаторкӯҳи Зарафшон) аз ҷумлаи маърузаҳое буданд, ки дар конференсия баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи конференсия наздик ба 30 маъруза мавриди таҳлил қарор гирифт.