КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ВАБОИ АСР

6

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқӣ инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия дар ҷаҳони муосир торафт ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфта, як омили равшан дар роҳи ба вуҷуд омадани буҳронҳо ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки зоҳир шудану ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсионӣ ба давраи имрӯза мансуб набуда, балки падидаву зуҳуротест, ки дар асрҳои гузашта дар шакли гуногун низ ба назар мерасид ва зина ба зина яке аз сабабҳои аслии аз саҳнаи пурталотум ва пуршебу фарози таърих берун гардидани давлату миллатҳои мухталиф гардидааст. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ дар тули таърих ба ин омилҳо ва мушкилот дучор шуда, ҳатто яке аз омилҳои аз байн рафтани чандин давлатҳои миллии тоҷикон пайдо гардидани чунин зуҳуроти хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, коррупсия зуҳуроти ниҳоят хатарнок ва барои ҷомеа зарарнок маҳсуб ёфта, таҳдидкунанда ва барҳамзанандаи аслии сулҳу оромиш, ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ ва ваҳдати миллии халқу миллатҳо ва давлатҳост. Он мисли ҳашаротест, ки дохили ҷисми инсон гардида, ҳарчанд дар зоҳир мустаҳкам намояд, вале оҳиста-оҳиста дохили онро вайрон намуда, ибтидо ба заифшавӣ расонида, пасон аз байн мебарад. Бинобар ин, тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари ба вуҷуд омадани дигар зуҳуроти хатарзо ва хавфнок, ба мисли терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир масъалаи дигари нигаронкунадаву муташанниҷ ва вабои аср ин коррупсия ба ҳисоб меравад, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллату давлатҳоро ба ташвишу парешонӣ андохтааст. Ҳамин ҷиҳат аст, ки ҷомеаҳои огоҳ бо роҳандозии барномаву консепсияҳои гуногун алайҳи он мубориза бурдан мехоҳанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Тавре ки дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: “Коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие”, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ” фаҳмида мешавад.Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва фавриро талаб менамояд ва дар ин роҳ бетафовутӣ амали нангин ба ҳисоб меравад.

Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия ба шумор меравад. Чуноне, ки мутафаккири бузург Ш.Л Монтеские гуфта буд: «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ, тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад». Ин мушкилот яке аз масъалаҳои глобалӣ буда, бояд дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми сайъу кушишро ба харҷ диҳем.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлол бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди коррупсия муборизаро оғоз намуда, ибтидо қайд намуданд, ки “бо дар назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатиро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем”. Ҳамин буд, ки пас аз расидан ба Ваҳдати комил ва пойдор гардидани сулҳу салоҳ дар кишвар нахустин санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба омилу хусусиятҳои коррупсионӣ дошта ба тавсиб расид.

Ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои хатарзо дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад. Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ давлатҳое, ки ба фасод гирифторанд, хеле осон гирифтори буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ гашта истодаанд, ки дар ниҳоят онҳоро ба нестӣ низ мебарад.Бояд қайд кард, ки ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеашавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа боис гардида, аз сӯйи ашхоси гуногун ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан анҷом дода мешавад.

Ногузир аст, ки бояд тамоми аҳли ҷомеа, махсусан аҳли зиё дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барҳам задани ин падидаи номатлуб ҳиссагузор бошад. Зеро танҳо дар пояи маърифат ва муборизаи дастаҷамъона метавон алайҳи он ғолиб омад ва кафолати бақову пешрафти давлатро таъмин кард.

Асадуллоев К.Р., масъули татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар факултети геология