Конференсияи илмию назариявӣ

704

Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафтаи сеюми моҳи апрел конференсияи  ҷумҳуриявии  илмию  назариявии ҳайати  устодону  кормандон  ва  донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мешавад. Конференсияи мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ  ва ибтикороти нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бахшида мешавад. Ҳамоиши имсола ба ҷашнҳои  «5500-сологии Саразми бостонӣ», «700-солагии  шоири  барҷастаи  тоҷик  Камоли Хуҷандӣ» ва «Бистсолаи  омӯзиш ва  рушди фанҳои  табиатшиносӣ , дақиқ ва  риёзӣ  дар  соҳаи  илму  маориф (солҳои 2020-2040)» бахшида  шудааст.

Ҳайати  устодону  кормандон  ва  донишҷӯёни факултет бо маърӯзаҳои мубрами рӯз дар конференсияи мазкур иштирок намуданд.