Хамасола дар ДМТ ва инчунин дар факултети геология  хафтаи илм аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2021 конференсияи чумхуриявии илмию амалии хайати устодону кормандони бахшида ба чашнхои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солхои 2020-2040)» гузаронида шуд. Дар кори конференсия зиёда аз 40 нафар устодон, аспирантон ва зиёда аз 54 нафар донишчўён ва магистрон иштирок намуданд. Кори конференсия аз чор бахш иборат буда, дар бахши геология ва иктишофи конхои кандании фоиданок  11 маърўза, аз устодон ва 16 маъруза аз донишчўён, дарбахши гидрогеология ва геологияи мухандиси 11 аз устодон ва 18 маъруза аз донишчўён, дар бахши геология ва менечменти маъдану техника 14 маърўза, аз устодон ва 12 маъруза аз донишчўён ва дар бахши минералогия ва петрография  4 маърўза аз устодон ва 8 маъруза аз донишчўён мариди мухокимаи илми гардиданд.