ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ – МАСИРИ АСОСИИ ДУБОРА СОХТАНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИКОН

118

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият зери таъсири қувваҳои беруна қарор дошт. Роҳҳои мубориза барои  солими ҷомеа ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат, пойдор намудани адолату қонуният хеле мушкил гардида буд. Таърихӣ сиёсии Тоҷикистони сохибистиқлол  пур аз таҳаввулот ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдориии миллати шарафманди тоҷикон мебошад. Бахти миллати шарафманди тоҷик бозтоб гардида ормони ниёгони мо баъди ҳазор солаҳо барои даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр дар таърихи 09 сентиябри соли 1991 амалӣ гашт. Бо имзои созишномаи (Беловежеск 8.12.1991) давлати Шуравӣ барҳам хурда, кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли  давлатӣ соҳиб шуданд.

Дар ин раванди пур аз таҳаввулоти сиёсӣ Тоҷикистон чун иттифоқчиёни дигар ба истиқлол расид. Вале истиқлоли давлатӣ ба миллати шарафманди точик ба осони муяссар нагардид. Ин мураккабиро дар роҳи  ҳифзи суботи сиёсӣ тамомияти арзии Тоҷикистон омилҳои субъективӣ ва объективии мавҷуда, ки натиҷаи сиёсати бозсозии хукумати собиқ шуравӣ буд ба вучуд овард. Низоми сиёсии ҷомеа ва таоми сохтори идорӣ фалаҷ гардида, ҳукумати бетаҷриба дар роҳи истиқлол аз уҳдаи вазифаҳои хеш дар назди чомеа баромада натавонист.

Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши дифоъии худро натавонист хифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ хамон вақта неруҳои сиёсии мухталифи хокимиятхоҳ истифода намуда, аксар ходимону арбобонӣ давлатиро ба асорат бурданд.

Хар як гурӯҳи ҳокимиятхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор бар зиёни ин давлату миллат кор мекард. Дар чунин марҳалаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати точик қуввае лозим буд, ки дар афкору андешаи истиқлол ва таомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва амну субот даъват намояд.

Новобаста аз чунин шароити мураккаб шарвандони тамоми гӯшаву манотиқи кишвар, ҳачун нишони баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақу музаффар шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъминӣ қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Касри Арбоби шаҳри Бостонии Хуҷанд  Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Ҷумхурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он замон Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар нади таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Нахустин қадамҳо дар самти таҳкими сулҳу субот миёни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз гузошта шуданд. Ақлу хиради  солим ғолиб омаду онҳо дар иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Заминаи ҳифзу устувории давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Яке аз тадбирҳои бисёр саривақти ва сарнавиштсоз интихоби раиси  Шурои Олии кишвар ба хисоб мерафт.

Қарори Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар бораи интихоботи Раиси Шурои Олӣ Ҷумхурии Тоҷикистон) ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Шарвандони тамоми гӯшаву манотиқи Тоҷикистон дар марҳалаи наву тақдирсоз симои роҳбари хешро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада дарди халқро хуб дарк карда метавонад. Дар ҳамин гуна шароити вазнини таърихи тақдири имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва халқро бар дӯш гирифт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда гуфтанд: (… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…  Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро орому муътадил намоем…).

 Ин садоқату самимиятро дар раванди 32 соли мактаби давлатдориашон Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаставу мондагор дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо хаттҳои зарин сабт гардидааст. Сарвари ҷавону боҷассорати навинтихобро зарур буд, ки як қатор қарорҳои муҳиме қабул намояд вазъиятро муътадил гардонида волоияти қонун дар кишвар ғолиб шавад ва хатарҳои  таъсиррасон ба давлату миллат бартараф гардад.

19 ноябри соли 1992 Раиси Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи сиёсии ба амаломадаро дар кишвар ба инобат гирифта, ба роҳбарони давлатҳои Федератсия Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Узбекистон муроҷиатнома ирсол карданд то ки ба музокирот омада вазъиятро ба эътидол оранд.  Дар таърихи 24 ноябри иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (Дар бораи фирориён), (Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Дар хусуси нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)  имзо намуд.  Бояд кайд кард, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси аввали Ҷумҳури барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Вақт ва таҷрибаи 32 соли мактаби давлатдории ин абармарди майдони сиёсат собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи он баҳри муттаҳидии миллат ва аз вартаи хатари парокандашавии миллати тоҷикон тавонист мақсадҳову нақшаҳои мондаашро амалӣ кунад инро халқ дар ҳаёти ҳаррӯзаашон эҳсос мекунанд. Таърихи давлатдории навини даврони соҳибистиклолии тоҷикон исбот кард, ки мардуми шарафманди кишвар дорои қувваи солиму тавоноеҳанд, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонанд ва оборӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамоянд.

Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид намуд, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфт.

Миллати шарафманди тоҷик бо сарварии чеҳраи мондагори миллат, Президенти Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули беш 32 соли истиқлолияти давлатӣ дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва мутамаддин ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Мусаллам аст, ки ба ин мактаби беҳамтову беназир,  давлатдории ташаккулдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузошту аҳмияти онро ба наслҳои имрӯзу ояндаи Ватан маънидод намуд.

Расулов Н.М. устоди факултети геологияи ДМТ