ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

117

Рӯзи (29.04.2023) дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ гусели наваскарон бо иштироки волидайни онҳо багузор гардид. Хушбахтона аз ҳисоби хатмкунандони Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 8- нафар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Бояд қайд намоем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз мегардад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҷавонмарди бонангу номус буда, барои хизмат дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шудааст. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

Возможно, это изображение 7 человек и текст «REDMI NOTE8 PRO AI QUAD CAMERA»
Возможно, это изображение 3 человека
Возможно, это изображение 1 человек
Возможно, это изображение 3 человека и текст