Бо фароиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х. диссертатсияи номзадии муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи ДМТ Муродзода Аброр Аҳрор тасдиқ шуда, ба ӯ ДИПЛОМИ дараҷаи илмии “номзади илмҳои геология ва минералогия” дода шуд.Садорати факултети геологияи ДМТ устоди гиромӣ Муродзода А.А. ва роҳбари илмиашон Ниёзов Ансор Соҳибович н.и.г.-м., дотсенти кафедраи геология ва менечменти маъдану техникаи факултети геологияи ДМТ-ро барои дастовард ва муваффақияти навбатиашон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту пешравиҳоро таманно доранд.
БО ЭҲТИРОМ, САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ