ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ГЕОЛОГИЯИ МУҲАНДИСӢ

30

Соҳаи геологияи муҳандисӣ яке аз соҳаҳои муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ш. Душанбе ба ҳисоб меравад. Ин самт ҳамчун омили асосии созандагӣ ва бунёдкорӣ дар бунёди иншоотҳо ва давраи бозсозии навин саҳми арзанда дорад. Воқеан ҳам геологияи муҳандисӣ соҳаеаст, ки дар шароити имрӯза барои ба даст овардани ахбороти дақиқи геологӣ, муайян намудани таркиби табиӣ-механикии грунтҳо барои иншоотҳои гуногуни сохташаванда, ба монанди хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, корхонаю иншоотҳои ёрирасони хизматрасонӣ, иншоотҳои шаҳрвандию саноатӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо, баҳодиҳии муҳандисии захираҳои конҳои кандании фоиданок ва ғайра муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки дар шароити имрӯза талабот ба мутахасисони соҳаи геология, махсусан муҳандис-геологҳо хеле зиёд аст. Муҳандис-геолог мутахассисест, ки ба омӯзиши хусусиятҳои муҳандисӣ-геологии қабати замин ва таъсири он ба сохтмон, лоиҳаҳои геотехникӣ ва ҳифзи муҳити зист сару кор дорад.Лозим ба ёдоварӣ аст, ки вазифаи асосии муҳандис-геолог ин баҳодиҳии хатарҳои геологӣ ва таҳияи тавсияҳо бо мақсади таъмини бехатарӣ ҳангоми сохтмони инфрасохтор, биноҳо, роҳҳо, инчунин ҳангоми истихроҷи маъдан ва ғайраҳо мебошад. Муҳандис-геологҳо дар таъмини бехатарӣ ва устувории лоиҳаҳои сохтмонӣ ва муҳити табиӣ нақши муҳимро мебозанд.Кори онҳо барои пешгирии садамаҳо ва офатҳои табиӣ, ки марбут ба омилҳои геологӣ асос ёфтааст, равона шудааст.

Муҳандис-геолог корҳои муҳимро иҷро намуда, вазифаҳои зеринро метавонад анҷом диҳад, аз ҷумла: муайян кардани хусусиятҳои грунтҳо ва сохторҳои геологии майдонҳои зери биноҳо ва сохтмонӣ, корҳои пармакунӣ, гирифтани намунаҳои грунт ва ченкунии бузургиҳои геологӣ, таҳлил ва баҳодиҳии хатари потенсиалии геологӣ ба монанди ярч, заминларза, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ, омодасозии стратегияҳо барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ҳисоботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар онҳо маълумот оид ба муҳити геологӣ ҷой дошта бошад, тавсияҳо барои лоиҳаҳои сохтмонӣ ё инфрасохтори маҳалҳо, машваратдиҳӣ ба дигар муҳандисон, сохтмончиён, меъморон ва мизоҷон оид ба масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои муҳандисӣ-геологии лоиҳаҳо, коркарди қарорҳои геотехникӣ, ки устувории лоиҳаҳои сохтмонро таъмин менамояд, лоиҳагирии таҳкурсӣ, сипар барои девораи ярчҳо, системаҳои обпарто ва дигар тадбирҳои геотехникӣ, баҳодиҳӣ ва таъсир ба муҳити сохтмони маҳали зист ва таҳияи чораҳои ҳифзи он, истихроҷи маъдан, таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданок, таркиб ва ҳаҷми онҳо, таъмини бехатарӣ ва босуботии лоиҳаҳои сохтмонӣ, баҳодиҳии таъсири равандҳои экзогенӣ фаъолияти инсон ба муҳити зист, пешгирии садамаҳо ва кам намудани хатарҳо дар ҷараёни сохтмонӣ, баҳодиҳии хатарҳои геологӣ ва муайян кардани ҳалли геотехникии онҳо, омӯзиши ҷанбаҳои таъсири онҳо ба сохтмон ва бехатарии экологӣ, баҳодиҳии фаъолнокии сейсмикӣ ва таҳияи чораҳо барои рафъи оқибатҳои заминларза, системаҳои об, аз ҷумла дарёҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминӣ ва таъсири онҳо, омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва хосиятҳои онҳо, ки ҳангоми сохтмони иншооти зеризаминӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, баҳодиҳии таъсири фаъолияти инсонро ба муҳити зист, хосиятҳои физикии маводи геологиро бо истифода аз усулҳои геофизикӣ омӯхта, барои муайян кардани сохтор ва хусусиятҳои он барои хулосаи геологӣ, сохтани харитаҳо ва истифодаи системаҳои иттилоотии географӣ барои таҳлил ва назарсанҷиш маълумотҳои геологӣ, рафти сохтмонро назорат намудан, мушоҳидаи риояи тавсияҳои геотехникӣ, андешидани чораҳо барои таъмини бехатарӣ ва ғ фаъолият менамоянд.

Дар ин робита дар яке аз вохуриҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Дар даврони гузашта Тоҷикистонро осорхонаи табиии геологӣ меномиданд ва қаламрави он барои геологҳо ба ҳайси мактаби таҷрибаи пешқадам истифода мешуд. Имрӯз низ олимону мутахассисони аксар кишварҳо тадқиқот ва ақидаҳои илмии хешро дар мисоли геологияи Тоҷикистон ташаккул медиҳанд. Барои ин моро зарур аст, ки аз ин сарвати худодод ҳарчӣ бештар ва самараноку оқилона истифода намоем».

Тоҷикистон дар ҳақиқат мамлакати кӯҳсор буда, ба озмоишгоҳи табиии геологӣ шабоҳат дорад.Соҳаи геология чун соҳаи масъул дар омӯзиши комплексии қаъри замини кишвар бо истифода аз дастовардҳои навтарини илм дар корҳои ҷустуҷӯӣ- иктишофӣ, таҷҳизонидани техникии истеҳсолот пурмаҳсул пеш рафта истодааст. Дар ин давра харитаҳои геологӣ, геоморфологӣ ва дигар хартиаҳои махсуси миқёси 1:500 000 ва 1:200 000; барои чоп харитаҳои майдонҳои аномалии магнитӣ дар миқёси 1:200 000 ва 1:100 000 ва харитаҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологии миқёси 1:50000 омада шуданд.Дастовардҳои илмии давраи замони истиқлолият дар самти геология ва геологияи муҳандисӣ дар бисёр асарҳои илмӣ дар конгресҳо, конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар шакли мақолаҳои илмӣ ва садҳо китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ ҷамъбаст шуда, рӯи чоп омадааст.

Маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ аз тарафи мутахасисони соҳаи геология захираҳои зиёда аз 30 кони металлҳои ранга, нодир ва асил; даҳҳо конҳои нафту газ, ангишт, шпати плавикӣ, бор, қумҳои кварсӣ, хоросангҳои сурх, мармарҳои сафеди ороишӣ ва дигар намудҳои маводи сохтмонӣ тасдиқ шуданд. Дар ҳамин давра иктишоф ва тасдиқи захираҳои чунин конҳои калон ба монанди нуқраи кони Мансури Калон, тиллои Таррор, Ҷилав, Чоре, бори Якархар, кони сурбу-нуқраи Кони Мансури Шарқӣ, селестини Чилтоҷ ва дигарҳо маълум карда шуд. Дар ин давра ба хотири нигоҳ доштани қобилиятнокии экспедитсияҳо дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ризогии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ барои гузаронидани корҳои геологӣ иктишофӣ баста шуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар соҳаи геология чун соҳаи амаликунандаи мақсадҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти соҳаи геология барои татбиқ намудани мақсадҳои стратегии давлат, инчунин барои зиёд кардани иқтидори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани обрӯи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, сохтани иншоотҳои замонавӣ бо мутобиқати меъёрҳои байнамилалӣ равона гардидааст.Ин аст, ки Саридораи геология дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2007–2015», «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020», «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030»-ро пешниҳод кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Барои амалисозии ин барномаҳо мутахасисони соҳа бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҷӯиҳои муҳимро доир ба таҷҳизонидани соҳа бо асбобҳо ва воситаҳои техникии замонавӣ, нисбати тайёр кардани мутахассисон барои эҳтиёҷи соҳа зина ба зина корбарӣ намуда истодаанд. Рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба самтҳои гуногуни соҳаи геология ва саноати куҳӣ зиёд шуда истодааст. Кормандони соҳа равшан дарк менамоянд, ки муваффақиятҳои ба даст овардаашон дар зарфи 33 соли истиқлолияти давлатӣ нисбат ба рушди соҳаи геология, беҳсозии шароити зисти аҳолӣ, баландбардории обрӯю нуфузи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ, ғанигардонии буҷети давлат аз ғамхориҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад.Дар охир хотирнишон намудан қобили қайд аст, ки устодон ва кормандони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ пайваста дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори хеш қарор дода, барои амалишавии онҳо пайваста чораандеши менамояд.

Возможно, это изображение 1 человек
Мудири кафедраи гидрогеология
ва геологияи муҳандисӣ, н.и.г.-м,
дотсент Давлатзода Фирдавс Сафарали