ДАР САМТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ГЕОЛОГӢ ТАДБИРҲОИ НАВ АНДЕШИДА МЕШАВАД…

186



Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии навбатӣ бо устодону кормандони факултети геология фаъолияти сохторҳои мухталифи факултетро мавриди таҳлил қарор дод, иброз дошт, ки дар самти ташкили озмоишгоҳҳои муосир бари омӯзиши масъалаҳои геологӣ тадбирҳои тоза андешида шавад.

Муҳимтарин масъалаҳое, ки ректори донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус намуданд, ин навиштани мақолаҳои илмии тақризшаванда дар сатҳи байналмилалӣ, сари вақт дифои рисолаҳои илмӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, қабули ҷавонон ба зинаи магистратура, гузаронидани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва конференсияҳои онлайнӣ, назорати ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, фаъол намудани сохторҳои ҷамъиятии факултет ва амсоли инҳо буд.

Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳолати хуб ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои зертобеъ ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта омӯзиши илму таълим дар соҳаи геология рушд намуда, дастовардҳои назаррас аз пештара бештар ба чашм мерасад.