ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

182

Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон

https://www.facebook.com/groups/601621884840925/permalink/762888242047621/?mibextid=Nif5oz

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар паёмҳои хеш нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ баҳогузорӣ намудаанд. Аз ҷумла, дар яке аз паёмҳои худ вобаста ба масъалаи ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин таъкид карда буданд: “Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳимми кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад”. Яке аз тасмимҳои муҳиме, ки дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсии ҷавонон нақши бориз дошт, ин аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” буд. Дар ин сол ҷавонон дар баробари дигар соҳаҳо, ба ҳаёти сиёсии давлат ҷалб гардиданд.Аз ҷумла, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд аз дарк кардани сиёсати давлатии ҷавонон дарак медиҳад.Дар ин миён бо ташаббуси Президенти кишвар дар самти ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки ин аз сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари кишвар дарак медиҳад.Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли ба ҷавонон ва ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро 13 майи соли 1992, №562 қабул кардааст.Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад ва ин боварии Пешвои миллат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид, ки дар баробари Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан дар вазъияти ноороми кишвар, яъне ҷанги шаҳрванди 2 феврали соли 1993 нахуст вохӯрии худро бо ҷавонон гузаронида буданд. Ин нишонаи ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва боварии комил ба нерӯи созандаю бунёдкоронаи ҷавонон буд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон аз афзалиятҳои доимии сиёсати давлатӣ шинохта шудааст ва дар суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20 солагии Иҷлосия ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти нави сиёсати давлатии «Рӯ ба ҷавонон» муаррифӣ гардид, ки аҳамият ва зарурати дастгирии давлатии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро бори дигар собит намуд.Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд.Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҳавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки: «Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда карда шуд.Ҳамаи иқдомҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва илмомӯзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида шароити хуби рушду инкишоф фароҳам оварда шудааст.Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайрат-мандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд ва бањри ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоем ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузорем.Барои пиёдасозии мақсади дар назди худ гузоштаи халқи тоҷик, дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ саҳми сазовори худро гузошта, дар назди наслҳои оянда уҳдадории худро, ки барои онҳо ҳаёти бошарафона, рушди иҷтимоӣ ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ босуботро мерос гузоштан, иҷро намоем.

Ниёзов О.Ҳ. муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети геологияи ДМТ.