Санаи 19.02.2025 дар факултет чарабини ватандӯсти-тарбиявӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони кафедраи ҳарбии ДМТ п/полковникҳо Бобониёзов Азиз ва Мирзокаримзода Алишер иштирок ва суханрони намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар шароити пуртаззоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо технологияи пешрафтаи рақамии низомӣ муҷаҳҳаз сохтани он амри зарурӣ ва стратегияи миллии ояндасозии давлатдорист.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипаҳсолор Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори Артиши миллӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсули заҳматҳо ва талошҳои таърихӣ ва самараи пурифтихори Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар охир бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ аз номи садорати факултет ба иштироккунандагон ва тамоми мардуми шарафмади ба ору нанги тоҷикро ба ифтихори 32-умин солгарди Артиши миллӣ шодбошу муборакбод гуфта, баҳрашон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоишта, дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз таманно намуданд.
Дар анҷоми чорабини аз ҷониби Садорати факултет ба кормандони кафедраи ҳарбии ДМТ ва донишҷӯёни фаъоли факултет, ки дар машғулиятҳои кафедраи ҳарби фаъолона иштирок менамоянд СИПОСНОМА ба муносибати рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.