ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

46

Санаи 21.11.2024 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Шарофиддинов Суҳроб Саломович – дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал декани факултет Андамиён Раҷабалӣ Шамс меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфтанд.Дар чорабинии илмӣ-тарбиявӣ устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет, дотсент Андамиён Р.Ш. қайд намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили Рӯзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Шарофиддинов С.С. қайд карда шуд, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардиданд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ – Парчами давлатӣ низ қабул гардид.Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба рӯҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерӯмандӣ ҳидоятгар мебошад.

Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 5 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 11 человек, люди учатся и текст