ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31

Шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр дар хобгоҳҳои 6-8-и Донишгоҳ нишасти судманд доиршуд. Дар нишаст масъулини Донишгоҳ, садорати факултетҳои таърих ва геология, инчунин, бошандагони хобгоҳҳо иштирок намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки бори нахуст дар кишвари азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2016 таҷлил гардид. Ин паём мисли фурӯғи офтоби баҳорӣ дилҳоро гарм, дидаҳоро мунаввар ва ҳаёти мардумро рангину дилнишин гардонид.

Муҳимтар аз ҳама, дар рушди миллат, таҳкими сулҳу субот, бунёди кохи ороставу перостаи мулки осоишта ва халқи созандакори мо саҳифаҳои тоза кушод.

“Чуноне ки медонем даҳаи охири қарни гузашта дар таърихи давлатдории миллати мо таҳаввулоте ба вуҷуд омад, ки метавонист омили пароканда шудани давлату миллат шавад, вале бо сари кор омадани сиёсатмадоре мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқату вафодории пайравону сарсупурдагони сиёсати ӯ, ин пешомад ҷилавгирӣ шуд. Бидуни шак метавон гуфт, ки Пешвои миллат нафари вижае аст, ки Худованд барои миллати мо фиристодааст. Ӯмедонистанд, ки некиву поксириштӣ инсонҳоро ба қуллаи мурод мерасонад ва ҳамеша некӣ бар баъдӣ пирӯз меояд” – гуфта шуд дар нишаст.

Возможно, это изображение 2 человека
Возможно, это изображение 3 человека и люди учатся