ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

138

Рӯзи (23.11.2023) дар ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ чорабини бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Кушодашавии чорабиниро декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. ҳусни оғоз бахшида таъкид намуд, ки Парчам яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта мавқеи давлатро миёни дигар кишварҳои ҷаҳон муайян менамояд. Дар чорабини Шарофиддинов Суҳроб Саломович – дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ ба сухан баромада оид ба нақш ва мақоми Парчам дар давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикон ибрози андеша намуд. Қайр гардид, ки ҳанӯз аз давраҳои таърихи парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд. Дар охири чорабинӣ, Шарофиддинов Суҳроб Саломович – дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ қайд намуданд, ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 5 человек

Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 6 человек
Возможно, это изображение 11 человек
Возможно, это изображение 13 человек и текст
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 9 человек и текст
Возможно, это изображение 5 человек