БОВАРӢ ВА АРҶГУЗОРИ БА ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОН

210

Анаъанаи неке дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ, аз ҷумла ҷашни Истиқлоли давлатӣ кормандони соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба вижа Пешвои муаззами миллат бо нишону ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ мешаванд. Боиси зикри хос аст, ки дар ин миён олимону донишмандон ва кормандони соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор мегиранд ва дар самти фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд. Яке аз иқдомҳои нек ин қабули «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» мебошад. Ташаббуси мазкур на танҳо барои мутихассисони ҷавон , балки барои олимони соҳа муфиду саривақтӣ буда, дар баробари самтҳои гуногуни илму истеҳсолот, мутахассисону кормандони ин соҳаҳо: фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадршиносӣ мешаванд. Банда низ аз зумраи кормандони ин самт мебошам, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорам. Боиси хушбахтист, ки дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ соҳиби медали «Хизмати шоистаи Тоҷикистон» гардидам.

Бо эҳтироми бепоён барои қадршиносии банда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям. Ин мукофот боварӣ ва арҷгузории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ректори заҳматписанд, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нисбати банда мебошад. Аз ҷониби банда қарор мешавад, ки фаъолиятамро дучанд намуда, дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз пештара бештар саҳмгузор бошам. Ҷаҳони сипос, барои қадрдонӣ!

Раҷабалӣ Андамов – декани факултети геология