ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ

453

Намояндагони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Кристинэ Товмасян ва Натали Ким дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хатари кӯлҳои пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, зимнан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадр бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. мулоқот намуданд.

Мақсади ташрифи меҳмонон мустаҳкам намудани робитаҳои илмиву техника дар доираи лоиҳаи «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хатари кӯлҳои пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» арзёбӣ гашт. Меҳмонон барои баррасии лоиҳаи мазкур ва ҳамкорӣ бо устодони риштаи илмҳои дақиқ, аз ҷумла бо мутахассисони соҳаи физика, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, гидрология ва прияхшиносӣ андешаронӣ намуданд. Дар охир ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ ва баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд.