МАСОИЛИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

916

Бо дасгирии садорати факултети геология дар пояи кафедраи минералогия ва петрография дар мавзӯи «Пайдоиши конҳои канданиҳои фоиданоки эндогенӣ» конференсия баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо суханҳои ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт.

Дар конференсия зиёда аз 30 маърӯза, аз ҷумла мавзӯъҳои “Проблемҳои геокологӣ дар конҳои пошхӯрдаи тилло”, “Баъзе андешаҳо оид ба саноаткунонии кӯҳии Тоҷикистон”, “Тағёирёбии иқлим ва таъсири корхонаҳои саноати ба муҳити зист” мавриди барраси қарор гирифтанд.